https://sputnik.tj/20211011/furudgohi-uzbekiston-basta-sabab-1042754334.html
Фурудгоҳи як шаҳри бузурги Ӯзбекистон баста мешавад: сабаб
Фурудгоҳи як шаҳри бузурги Ӯзбекистон баста мешавад: сабаб
Sputnik Тоҷикистон
Ҳама парвозҳо ба фурудгоҳҳои шаҳрҳои ҳамсояи кишвар равона карда мешаванд
2021-10-11T09:00+0500
2021-10-11T09:00+0500
2021-10-11T13:27+0500
нақлиёт
фурудгоҳ
ӯзбекистон
самарқанд
ҳавопаймо
мусофир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/02/1032380209_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_61a7d68c0f51fe13d1abb71334df96b1.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд муваққатан баста мешавад. Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба ширкати "Uzbekistan Airports" менависад. Ҳамин тариқ майдони ҳавоӣ як моҳ ҳавопаймо қабул нахоҳад кард. Фурудгоҳ аз 20 октябр то 20 ноябр баста мешавад. Мақомоти кишвар ин тасмимро бинобар омодагӣ барои ифтитоҳи маҷмааи нави ин фурудгоҳ гирифтаанд. Ҳама хатсайрҳои Самарқанд ба фурудгоҳҳои Навоӣ, Бухоро ва Қаршӣ тағйир дода мешаванд.Мусофирон метавонанд аз Самарқанд ба наздиктарин фурудгоҳ бо истифода аз хатсайрҳои махсус ташкилшудаи нақлиётӣ расанд. Ёдовар мешавем, ки маҷмааи фурудгоҳ дар Самарқанд дар доираи омодагии инфрасохтори шаҳр барои нишасти СҲШ, ки соли 2022 баргузор мешавад, сохта мешавад. Ҳоло мутахассисон сохтмони ,бонди нави парвозро қариб ба анҷом расониданд. Дарозии он зиёда аз се ҳазор ва паҳнояш 60 метр хоҳад буд. Мутахассисон нақша доранд, ки корро дар давоми як моҳ ба анҷом расонанд. Барои сохтани фурудгоҳ дар Ӯзбекистон коршиносони пешбари хориҷӣ даъват карда шуда, лоиҳа 62 миллион доллар арзиш дорад.
https://sputnik.tj/20211003/uzbekiston-parvozho-afghoniston-1042619118.html
ӯзбекистон
самарқанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/02/1032380209_125:0:2856:2048_1920x0_80_0_0_7260c552802b2b31658c112526bedfdf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фурудгоҳи ӯзбекистон баст сабаб самарқанд
фурудгоҳи ӯзбекистон баст сабаб самарқанд
Фурудгоҳи як шаҳри бузурги Ӯзбекистон баста мешавад: сабаб
09:00 11.10.2021 (Навсозишуда: 13:27 11.10.2021) Ҳама парвозҳо ба фурудгоҳҳои шаҳрҳои ҳамсояи кишвар сурат мегиранд
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд муваққатан баста мешавад. Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба ширкати "Uzbekistan Airports" менависад.
Ҳамин тариқ майдони ҳавоӣ як моҳ ҳавопаймо қабул нахоҳад кард. Фурудгоҳ аз 20 октябр то 20 ноябр баста мешавад.
Мақомоти кишвар ин тасмимро бинобар омодагӣ барои ифтитоҳи маҷмааи нави ин фурудгоҳ гирифтаанд. Ҳама хатсайрҳои Самарқанд ба фурудгоҳҳои Навоӣ, Бухоро ва Қаршӣ тағйир дода мешаванд.
Мусофирон метавонанд аз Самарқанд ба наздиктарин фурудгоҳ бо истифода аз хатсайрҳои махсус ташкилшудаи нақлиётӣ расанд.
Ёдовар мешавем, ки маҷмааи фурудгоҳ дар Самарқанд дар доираи омодагии инфрасохтори шаҳр барои нишасти СҲШ, ки соли 2022 баргузор мешавад, сохта мешавад.
Ҳоло мутахассисон сохтмони ,бонди нави парвозро қариб ба анҷом расониданд. Дарозии он зиёда аз се ҳазор ва паҳнояш 60 метр хоҳад буд.
Мутахассисон нақша доранд, ки корро дар давоми як моҳ ба анҷом расонанд.
Барои сохтани фурудгоҳ дар Ӯзбекистон коршиносони пешбари хориҷӣ даъват карда шуда, лоиҳа 62 миллион доллар арзиш дорад.