https://sputnik.tj/20211010/zebotarin-muhojirdukhtaron-maskav-1042750111.html
Ҷаззобу нозанин: Зеботарин муҳоҷирдухтарони Маскав муайян шуданд - 12 акс
Ҷаззобу нозанин: Зеботарин муҳоҷирдухтарони Маскав муайян шуданд - 12 акс
Sputnik Тоҷикистон
Дар Маскав миёни духтарони муҳоҷир озмуни зебоӣ баргузор шуд. Мақоми авалро дар озмуни "Мисс Федератсияи муҳоҷирони Русия - 2021" гулдухтаре аз Ӯзбекистон касб кард
2021-10-10T15:36+0500
2021-10-10T15:36+0500
2021-10-10T15:44+0500
акс
маскав
озмун
муҳоҷир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0a/1042747257_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_1d285b6ba0141698d416cef832f9c162.jpg
Нуринисо Абдулмаинова зодаи Тоҷикистон дар ин озмун барандаи ҷоизаи интихоби тамошобин шуд. Чорабиниро Федератсияи муҳоҷирон дар Русия (ФМР) ташкил кардааст.Дар маҷмӯъ, дар озмун 50 намояндаи 13 кишвари дунё дар ин озмун ширкат карданд, аммо танҳо даҳ нафар - аз Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Ҷойи аввалро намояндаи Ӯзбекистон Рушана Каримова гирифт. Вай соҳиби шаҳодатномаи таҳсил дар Донишгоҳи молия ва ҳуқуқи Маскав шуд.Модели тоҷиктабор Ӯзбекистонро дар озмуни зебогии ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунадДар овоздиҳии онлайн дар вебсайти МҲР, финалисти тоҷик Нуринисо Абдулмаинова пирӯз шуд. Ӯ 28 сол дорад ва зодаи ВМКБ мебошад. Ҳоло Абдулмаинова дар як меҳмонхонаи Маскав ҳамчун администратор кор мекунад ва ба таври ихтиёрӣ бо кӯдакони синни то мактабӣ дар созмони ҷамъиятии "Нур" фаъолият дорад.Нуринисо дар бахши намоиши эҷодӣ дар озмун рақси миллии тоҷикиро нишон дод. Рухшона Маҳкамова ва Парвина Усмонова, ки аз Душанбе мебошанд низ, ба даври ниҳоии финали Miss ФМР - 2021 роҳхат гирифтанд. Зодаи Тоҷикистон дар озмуни зебоии Қазон ҳамаро мафтун кардМаҳкамова ба ҳайси парастор кор мекунад, аммо мехоҳад коргоҳи дӯзанддагии худро кушояд. Иштирок дар озмун ба ӯ кумак кард, ки қадами аввалинро дар амалӣ сохтани орзуяш гузорад - барои рақами ниҳоӣ ӯ либосе бо домани атлас, остини органза дӯхтааст. Усмонова дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Маскав дар кафедраи таълими забон ва адабиёти рус таҳсил мекунад. Ӯ бо дарсҳои иловагӣ пул бу датс меорад.Дар даври ниҳоии озмун Наргис Зафарова аз Конибодом низ баромад кард.Сабрина Зуҳурова: дар даври ниҳоии "Зебосанам - 2019" ҳамаро дар ҳайрат мегузорам Вай ба наздикӣ ба коллеҷи омӯзгорӣ дохил шудааст. Зафарова орзу дорад, ки омӯзгор шавад, аммо ҳоло ӯ ба ҳайси доя кор мекунад. Ёдовар мешавем, ки соли 2020 тоҷи барандаи озмун насиби зодаи Тоҷикистон Фотима Калдарова шуда буд.
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0a/1042747257_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_b18ce95d5beb8ec75c02fe42d7221bb0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
озмун зебоӣ, маскав, мисс фмр
озмун зебоӣ, маскав, мисс фмр
Ҷаззобу нозанин: Зеботарин муҳоҷирдухтарони Маскав муайян шуданд - 12 акс
15:36 10.10.2021 (Навсозишуда: 15:44 10.10.2021) Дар Маскав миёни духтарони муҳоҷир озмуни зебоӣ баргузор шуд. Мақоми аввалро дар озмуни "Мисс Федератсияи муҳоҷирони Русия - 2021" гулдухтаре аз Ӯзбекистон касб кард
Нуринисо Абдулмаинова зодаи Тоҷикистон дар ин озмун барандаи ҷоизаи интихоби тамошобин шуд. Чорабиниро Федератсияи муҳоҷирон дар Русия (ФМР) ташкил кардааст.
© Sputnik / Стас ЭтвешДар ин озмун духтарон аз 13 кишвари дунё ширкат карданд.
Дар ин озмун духтарон аз 13 кишвари дунё ширкат карданд.
© Sputnik / STAS ETVESHАз миёни 50 ширкаткунандагони озмун танҳо 10 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт.
Аз миёни 50 ширкаткунандагони озмун танҳо 10 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт.
© Sputnik / Стас ЭтвешТанҳо намояндагони Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Танҳо намояндагони Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
© Sputnik / Стас ЭтвешОзмуни зебоӣ миёни муҳоҷирдухтарон дар Маскав.
Озмуни зебоӣ миёни муҳоҷирдухтарон дар Маскав.
© Sputnik / Стас ЭтвешИн озмун аз ҷониби Федератсияи муҳоҷирони Русия ташкил шудааст.
Ин озмун аз ҷониби Федератсияи муҳоҷирони Русия ташкил шудааст.
© Sputnik / Стас ЭтвешОзмуни зебоӣ миёни духтарони муҳоҷир дар Маскав.
Озмуни зебоӣ миёни духтарони муҳоҷир дар Маскав.
© Sputnik / Стас ЭтвешОзмуни зебоӣ миёни духтарони муҳоҷир дар Маскав.
Озмуни зебоӣ миёни духтарони муҳоҷир дар Маскав.
© Sputnik / Стас ЭтвешСоли 2020 тоҷи озмун насиби зодаи Тоҷикистон Фотима Калдарова шуда буд.
Соли 2020 тоҷи озмун насиби зодаи Тоҷикистон Фотима Калдарова шуда буд.
© Sputnik / Стас ЭтвешҶойи аввалро намояндаи Ӯзбекистон Рушана Каримова гирифт. Вай соҳиби шаҳодатномаи таҳсил дар Донишгоҳи молия ва ҳуқуқи Маскав шуд.
Ҷойи аввалро намояндаи Ӯзбекистон Рушана Каримова гирифт. Вай соҳиби шаҳодатномаи таҳсил дар Донишгоҳи молия ва ҳуқуқи Маскав шуд.
© Sputnik / Стас ЭтвешНуринисо Абдулмаинова зодаи Тоҷикистон дар ин озмун зебоӣ миёни духтарони муҳоҷир дар Маскав барандаи ҷоизаи интихоби тамошобин шуд.
Нуринисо Абдулмаинова зодаи Тоҷикистон дар ин озмун зебоӣ миёни духтарони муҳоҷир дар Маскав барандаи ҷоизаи интихоби тамошобин шуд.
© Sputnik / Стас ЭтвешОзмуни зебоӣ миёни духтарони муҳоҷир дар Маскав.
Озмуни зебоӣ миёни духтарони муҳоҷир дар Маскав.
© STAS ETVESHОзмуни зебоӣ миёни духтарони ИДМ дар Маскав.
Озмуни зебоӣ миёни духтарони ИДМ дар Маскав.
Дар маҷмӯъ, дар озмун 50 намояндаи 13 кишвари дунё дар ин озмун ширкат карданд, аммо танҳо даҳ нафар - аз Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Ҷойи аввалро намояндаи Ӯзбекистон Рушана Каримова гирифт. Вай соҳиби шаҳодатномаи таҳсил дар Донишгоҳи молия ва ҳуқуқи Маскав шуд.
Дар овоздиҳии онлайн дар вебсайти МҲР, финалисти тоҷик Нуринисо Абдулмаинова пирӯз шуд. Ӯ 28 сол дорад ва зодаи ВМКБ мебошад. Ҳоло Абдулмаинова дар як меҳмонхонаи Маскав ҳамчун администратор кор мекунад ва ба таври ихтиёрӣ бо кӯдакони синни то мактабӣ дар созмони ҷамъиятии "Нур" фаъолият дорад.
Нуринисо дар бахши намоиши эҷодӣ дар озмун рақси миллии тоҷикиро нишон дод.
Рухшона Маҳкамова ва Парвина Усмонова, ки аз Душанбе мебошанд низ, ба даври ниҳоии финали Miss ФМР - 2021 роҳхат гирифтанд.
Маҳкамова ба ҳайси парастор кор мекунад, аммо мехоҳад коргоҳи дӯзанддагии худро кушояд. Иштирок дар озмун ба ӯ кумак кард, ки қадами аввалинро дар амалӣ сохтани орзуяш гузорад - барои рақами ниҳоӣ ӯ либосе бо домани атлас, остини органза дӯхтааст.
Усмонова дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Маскав дар кафедраи таълими забон ва адабиёти рус таҳсил мекунад. Ӯ бо дарсҳои иловагӣ пул бу датс меорад.
Дар даври ниҳоии озмун Наргис Зафарова аз Конибодом низ баромад кард.
Вай ба наздикӣ ба коллеҷи омӯзгорӣ дохил шудааст. Зафарова орзу дорад, ки омӯзгор шавад, аммо ҳоло ӯ ба ҳайси доя кор мекунад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2020 тоҷи барандаи озмун насиби зодаи Тоҷикистон Фотима Калдарова шуда буд.