https://sputnik.tj/20211010/urupo-tojikiston-vaksinaho-vayron-1042746455.html
СҶБ аз Урупо талаб дорад, ки ба Тоҷикистон ваксинаҳои "вайрон" нафиристад
СҶБ аз Урупо талаб дорад, ки ба Тоҷикистон ваксинаҳои "вайрон" нафиристад
Sputnik Тоҷикистон
Ин созмон чунин мешуморад, ки реваксинатсия бояд ба таъхир гузошта шавад, зеро бисёр иёлотҳо аз нарасидани маводи мухаддир азият мекашанд.
2021-10-10T11:35+0500
2021-10-10T11:35+0500
2021-10-10T11:35+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
тандурустӣ
сҷб
вайрон
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103112/08/1031120875_0:196:2947:1853_1920x0_80_0_0_a988d06419e6d4009e1cfa364e72ef52.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Витянис Андриукайтис, намояндаи вижаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Урупо, аз кишварҳои ин иттиҳод даъват кард, ки ваксинаҳои зидди COVID-19-ро пеш аз ба охир расидани муҳлати истифода ба кишварҳои сеюм интиқол диҳанд.Ба гуфти ӯ, ин амал имрӯз чашмрас аст. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон ваксинаҳо намерасанд. Аз ин рӯ, СҶБ даъват мекунад, ки то ба охир расидани эмгузаронии оммавӣ, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон анҷом наёфтааст, эмгузаронии такрориро ба таъхир гузоранд.Ёдрас мешавем, ки ваксиназанӣ дар Тоҷикистон аз 22 марти соли 2021 шуруъ шуд. Нахуст, дар доираи барномаи COVAX ба ҷумҳурӣ ваксинаи AstraZeneca, истеҳсоли Ҳиндустон оварда шуд.Сипас ҷумҳурии Чин ваксини сохти ватанӣ - CoronaVac -ро тариқи ройгон ба Тоҷикистон интиқол дод. Инчунин Амрико низ дар доираи кумаки башардӯстона ваксини Moderna фиристод.Охирон ваксине, ки Тоҷикистон гирифт, ин "Спутник V"- и Русия буд.Феълан, Душанбе ва ВМКБ аз лиҳози ваксигирии сокинон пешсаф ҳастанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103112/08/1031120875_107:0:2838:2048_1920x0_80_0_0_a7fcead2c36effb67b853f1749d27c5d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
урупо, қирғизистон, ваксинаҳо,
урупо, қирғизистон, ваксинаҳо,
СҶБ аз Урупо талаб дорад, ки ба Тоҷикистон ваксинаҳои "вайрон" нафиристад
Ин созмон чунин мешуморад, ки реваксинатсия бояд ба таъхир гузошта шавад, зеро бисёре аз мамолики дунё аз камбуди ваксина азият мекашанд
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Витянис Андриукайтис, намояндаи вижаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Урупо, аз кишварҳои ин иттиҳод даъват кард, ки ваксинаҳои зидди COVID-19-ро пеш аз ба охир расидани муҳлати истифода ба кишварҳои сеюм интиқол диҳанд.
Ба гуфти ӯ, ин амал имрӯз чашмрас аст.
"СҶБ аз кишварҳои аврупоӣ хоҳиш мекунад, ки ваксинаҳои дар ихтиёр доштаашонро бо Украина, Тоҷикистон, Арманистон ва Қирғизистон тақсим кунанд. Аммо онҳо намехоҳанд бидиҳанд, ваксинаро дар анборҳо нигоҳ медоранд ва пас аз он ки ду ҳафта то анҷоми мӯҳлати нигаҳдорӣ боқӣ мемонад, мефиристанд", - изҳори нигаронӣ кард Андриукайтис.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон ваксинаҳо намерасанд.
Аз ин рӯ, СҶБ даъват мекунад, ки то ба охир расидани эмгузаронии оммавӣ, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон анҷом наёфтааст, эмгузаронии такрориро ба таъхир гузоранд.
Ёдрас мешавем, ки ваксиназанӣ дар Тоҷикистон аз 22 марти соли 2021 шуруъ шуд. Нахуст, дар доираи барномаи COVAX ба ҷумҳурӣ ваксинаи AstraZeneca, истеҳсоли Ҳиндустон оварда шуд.
Сипас ҷумҳурии Чин ваксини сохти ватанӣ - CoronaVac -ро тариқи ройгон ба Тоҷикистон интиқол дод. Инчунин Амрико низ дар доираи кумаки башардӯстона ваксини Moderna фиристод.
Охирон ваксине, ки Тоҷикистон гирифт, ин "Спутник V"- и Русия буд.
Феълан, Душанбе ва ВМКБ аз лиҳози ваксигирии сокинон пешсаф ҳастанд.