Набарди диданӣ: Фюри рақиби амрикоияшро аз пой афтонд - видео

Обуна шудан
Варзишкори бритониёӣ унвони қаҳрамони бокси ҷаҳонро (WBC) ҳифз кард
Тайсон Фюри Деонте Уайлдерро дар сабқати 12-даврагӣ дар Лас Вегас мағлуб кард. Ҳамин тариқ бритониёӣ унвони қаҳрамонии муштзани ҷаҳонӣ (WBC)-ро ҳифз намуд.
Ин сеюмин вохӯрии муштзанон дар ринг мебошад. Фюри дар даври 11-ум бо нокаути техникӣ амрикоиро аз пой афтонд.
Ба гуфти коршиносон, бритониёӣ барои ин набард 30 миллион доллар ва рақибаш 20 миллион доллар хоҳад гирифт.
Илова бар ин, Фюри 60 дарсади даромади фурӯши ҳуқуқи пахши телевизионро хоҳад гирифт. Бритониёӣ дар поёни даври сеюм Уайлдерро нокдаун кард.
Ҳамон замон ҷанг наздик ба хотимаёбӣ буд, аммо америкоӣ то танаффус истодагарӣ кард.
Президент: муштзанҳои тоҷик метавонанд қаҳрамони ҷаҳон шаванд
Дар даври чаҳорум Фюри нокдаун шуд. Бори дуввум рақиб як ҳилаи мамнӯъро истифода бурд, аз ин рӯ он "ҳалла" - ро доварон ба назар нагирифтанд. Дар даври шашум Фюри аз нав бартарӣ пайдо кард.
Довар барои маълум кардани вазъи Уайлдер, ки бори дуввум дар даври 10 -ум нокаут шуд, ба пизишк муроҷиат кард.
Ногуфта намонад, ки сабқати нахустини муштзанҳо соли 2018 баргузор шуда, бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт.
Сипас Фюри ва Уайлдер соли 2020 вохӯрданд. Он замон бритониёӣ дар даври 7 -ум бо нокаути техникӣ пирӯз шуд ва соҳиби камарбанди WBC гардид, ки инак боз онро ба даст овард.
Лентаи хабарҳо
0