https://sputnik.tj/20211010/bunyod-roh-nav-khabost-roshtqala-1042745986.html
Оғози бунёди роҳи нави мошингард дар Хабости Роштқалъа
Оғози бунёди роҳи нави мошингард дар Хабости Роштқалъа
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз бунёди ин роҳ сокинони Хоруғ бо об таъмин хоҳад шуд, чун маҳз дар ҳамин мавзеъ ҳамасола селу тарма ҷорӣ шуда, каналро дар масофаи то 50 метр хароб мекунад
2021-10-10T11:06+0500
2021-10-10T11:06+0500
2021-10-10T11:06+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
нақлиёт
бунёд
роҳ
роштқалъа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103111/86/1031118660_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_681c34724a68eddbb167ae49e4d00e88.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар мавзеи Ғузакдараи деҳаи Хабости ноҳияи Роштқалъа роҳи нави мошингард бунёд мекунанд.Интизор меравад, ки баъди итмоми сохтмони канали мазкур мушкили беобии ҳазорон сокинони маҳаллаҳои шаҳр аз байн бардошта хоҳад шуд.Роҳро Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят месозад ва он аз миёни кӯҳдоман ва хоросанг мегузарад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар". Пас аз бунёди ин роҳ бештар аз 20 хонаводаи мавзеи Ғузакдараи деҳаи Хабости ноҳияи Роштқалъа, ки дар наздикии ин канал зиндагӣ доранд, низ ба роҳи мошингард дастрасӣ пайдо мекунанд.Канали ба номи Назаршо Додихудоев яке аз каналҳои калонтарини шаҳри Хоруғ аст, ки дарозии он бештар аз 12 километр буда, иқтидори обгузаронии он ба 7 ҳазор метри кубӣ дар як сония мерасад. Садҳо хонаводаҳои маҳаллаҳои шаҳр ба василаи оби ин канал замини наздиҳавлигӣ, дарахтон, гулу буттаҳои ороишиашонро обёрӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20210804/fayzov-tamir-roh-bartang-1041392519.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103111/86/1031118660_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_90ec13099060a808358faf9c99b0169c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бунёди роҳ, нав, хабости роштқалъа
бунёди роҳ, нав, хабости роштқалъа
Оғози бунёди роҳи нави мошингард дар Хабости Роштқалъа
Пас аз бунёди ин роҳ сокинони Хоруғ бо об таъмин хоҳанд шуд, чун маҳз дар ҳамин мавзеъ ҳамасола селу тарма ҷорӣ шуда, каналро дар масофаи то 50 метр хароб мекунад
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар мавзеи Ғузакдараи деҳаи Хабости ноҳияи Роштқалъа роҳи нави мошингард бунёд мекунанд.
Интизор меравад, ки баъди итмоми сохтмони канали мазкур мушкили беобии ҳазорон сокинони маҳаллаҳои шаҳр аз байн бардошта хоҳад шуд.
Роҳро Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят месозад ва он аз миёни кӯҳдоман ва хоросанг мегузарад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
"Ҳоло се техникаву механизмҳои пуриқтидор дар ин мавзеъ кор мекунанд ва то охири ҳамин моҳ роҳи мошингард пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад", - гуфт сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ Қурбонбек Худоёров.
Пас аз бунёди ин роҳ бештар аз 20 хонаводаи мавзеи Ғузакдараи деҳаи Хабости ноҳияи Роштқалъа, ки дар наздикии ин канал зиндагӣ доранд, низ ба роҳи мошингард дастрасӣ пайдо мекунанд.
Канали ба номи Назаршо Додихудоев яке аз каналҳои калонтарини шаҳри Хоруғ аст, ки дарозии он бештар аз 12 километр буда, иқтидори обгузаронии он ба 7 ҳазор метри кубӣ дар як сония мерасад.
Садҳо хонаводаҳои маҳаллаҳои шаҳр ба василаи оби ин канал замини наздиҳавлигӣ, дарахтон, гулу буттаҳои ороишиашонро обёрӣ мекунанд.