https://sputnik.tj/20211009/mablaghi-intiqolododai-muhojironi-tojik-rusiya-1042741303.html
Маблағи интиқолододаи муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватанашон маълум шуд
Маблағи интиқолододаи муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватанашон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Интиқоли миёна маблағ ба Тоҷикистон дар авохири ним соли равон ба 154 доллар расидааст
2021-10-09T17:55+0500
2021-10-09T17:55+0500
2021-10-11T12:03+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
муҳоҷират
пул
интиқоли маблағ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103033/72/1030337292_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_662a880be260433f20271669f879aa92.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон аз аввали моҳи январи имсол ба ватанашон ҳудуди 755 миллион доллар интиқол додаанд.Иттилои мазкур дар сомонаи Бонки марказии Русия нашр шудааст.Тавассути низомҳои интиқоли пул 752 миллион доллар интиқол дода шудааст.Инчунин бояд қайд кард, ки ҳаҷми миёнаи пуле, ки ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввал интиқол дода шудааст, 139 доллар буда, дар семоҳои дуввум ин нишондиҳанда афзоиш ёфта ба 154 доллар расид.Муҳоҷирон аз Русия ба Ӯзбекистон 2,27 миллиард доллар интиқол доданд.Ин ҳам дар ҳолест, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз моҳи январ то март ба Ватан дар ҳаҷми 327,9 миллион доллар равон кардаанд.Қаблан хабар дода шуда буд, ки интиқоли маблағҳои муҳоҷирон аз моҳи июн то август тақрибан сеяк афзоиш ёфтааст.Дар муқоиса бо интиқолҳои баҳорӣ дар давраи тобистон 30 дарсад афзоиш ба қайд гирифта шуд. Дар муқоиса бо тобистони соли 2020 интиқол аз Русия ба кишварҳои ИДМ шаш дарсад кам шудааст.Ҳамчунин, маълум шуд, ки низоми хидматрасонии пардохти "Золотая Корона" акнун ба муҳоҷирони корӣ имкон медиҳад, ки пулҳои қарз гирифтаашонро аз бонкҳо ба ватанашон интиқол диҳанд.
https://sputnik.tj/20201221/Intiqoli-pul-az-Rusiya-ba-Tojikiston-3-marotiba-afzudaast-1032497929.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103033/72/1030337292_909:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_c9761ba3b1b8a746f2e29dd3b29560fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, интиқоли маблағ, муҳоҷирон, тоҷик, русия
тоҷикистон, интиқоли маблағ, муҳоҷирон, тоҷик, русия
Маблағи интиқолододаи муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватанашон маълум шуд
17:55 09.10.2021 (Навсозишуда: 12:03 11.10.2021) Интиқоли миёнаи маблағ ба Тоҷикистон дар авохири ним соли равон ба 154 доллар расидааст
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон аз аввали моҳи январи имсол ба ватанашон ҳудуди 755 миллион доллар интиқол додаанд.
Иттилои мазкур дар сомонаи Бонки марказии Русия нашр шудааст.
Тавассути низомҳои интиқоли пул 752 миллион доллар интиқол дода шудааст.
Инчунин бояд қайд кард, ки ҳаҷми миёнаи пуле, ки ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввал интиқол дода шудааст, 139 доллар буда, дар семоҳои дуввум ин нишондиҳанда афзоиш ёфта ба 154 доллар расид.
Муҳоҷирон аз Русия ба Ӯзбекистон 2,27 миллиард доллар интиқол доданд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз моҳи январ то март ба Ватан дар ҳаҷми 327,9 миллион доллар равон кардаанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки интиқоли маблағҳои муҳоҷирон аз моҳи июн то август тақрибан сеяк афзоиш ёфтааст.
Дар муқоиса бо интиқолҳои баҳорӣ дар давраи тобистон 30 дарсад афзоиш ба қайд гирифта шуд. Дар муқоиса бо тобистони соли 2020 интиқол аз Русия ба кишварҳои ИДМ шаш дарсад кам шудааст.
Ҳамчунин, маълум шуд, ки низоми хидматрасонии пардохти "Золотая Корона" акнун ба муҳоҷирони корӣ имкон медиҳад, ки пулҳои қарз гирифтаашонро аз бонкҳо ба ватанашон интиқол диҳанд.