https://sputnik.tj/20211009/darguzasht-nakhustin-raisjumhur-eron-poris-1042743647.html
Даргузашти нахустин раисҷумҳури Эрон дар Порис
Даргузашти нахустин раисҷумҳури Эрон дар Порис
Sputnik Тоҷикистон
Абулҳасан Банисадр, нахустин раисҷумҳури Эрон, баъди инқилоби исломӣ дар ин кишвар даргузашт
2021-10-09T21:00+0500
2021-10-09T21:00+0500
2021-10-11T12:13+0500
дар ҷаҳон
президент
эрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103133/89/1031338901_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_a87040d9ad4dbbee9a1d7a6609b3d152.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Абулҳасан Банисадр, ки баъди Инқилоби Исломии соли 1979 дар Эрон нахустин раисҷумҳури ин кишвар интихоб шуд, даргузашт, иттилоъ дод хабаргузории ИРНА бо такя ба атрофиёни собиқ раисҷумҳур. Ба иттилои манбаъ, ӯ 9 октябр дар синни 88-солагӣ дар Эрон ҷон додаст. Банисадр соли 1933 дар оилаи оятуллоҳ Сайёд Насруллоҳ, хатмкардаи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Теҳрон таваллуд шудааст. Солҳои 60-уми асри гузашта ду бор барои аъмоли зиддиҳукуматӣ зиндонӣ шуда, баъдан ба Фаронса фирор кардааст. Бар асоси ҳолномаи нашршудаи Банисадр, ӯ тайи 17 сол дар донишгоҳи Сорбон таҳсил карда ва дарс додааст. Абулҳасан Банисадр моҳи феврали соли 1979 ба Эрон баргашта, соли 1980 якумин раисҷумҳури интихобшудаи ин кишвар бо роҳи демократӣ гардид. Аммо соли 1981 Маҷлис, парлумони якпалатаии Эрон нисбати Банисадр импичмент эълон кард. Далели ин иқдом фаъолияташ зидди руҳониёни Эрон арзёбӣ шудааст. Баъди ин Банисадр ба Фаронса гурехта, то охири умр дар он ҷо монд.
https://sputnik.tj/20210918/raisjumhuri-eron-davlati-afghoniston-farogir-1042350703.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103133/89/1031338901_143:0:1920:1333_1920x0_80_0_0_d8d95b3c0d34d94f58fbba70f5b2cf79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
абулҳасан банисадр, эрон, раисҷумҳур
абулҳасан банисадр, эрон, раисҷумҳур
Даргузашти нахустин раисҷумҳури Эрон дар Порис
21:00 09.10.2021 (Навсозишуда: 12:13 11.10.2021) Абулҳасан Банисадр, нахустин раисҷумҳури Эрон баъди Инқилоби Исломӣ дар ин кишвар даргузашт
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Абулҳасан Банисадр, ки баъди Инқилоби Исломии соли 1979 дар Эрон нахустин раисҷумҳури ин кишвар интихоб шуд, даргузашт, иттилоъ дод хабаргузории ИРНА бо такя ба атрофиёни собиқ раисҷумҳур. Ба иттилои манбаъ, ӯ 9 октябр дар синни 88-солагӣ дар Эрон ҷон додаст.
Банисадр соли 1933 дар оилаи оятуллоҳ Сайёд Насруллоҳ, хатмкардаи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Теҳрон таваллуд шудааст. Солҳои 60-уми асри гузашта ду бор барои аъмоли зиддиҳукуматӣ зиндонӣ шуда, баъдан ба Фаронса фирор кардааст.
Бар асоси ҳолномаи нашршудаи Банисадр, ӯ тайи 17 сол дар донишгоҳи Сорбон таҳсил карда ва дарс додааст.
Абулҳасан Банисадр моҳи феврали соли 1979 ба Эрон баргашта, соли 1980 якумин раисҷумҳури интихобшудаи ин кишвар бо роҳи демократӣ гардид.
Аммо соли 1981 Маҷлис, парлумони якпалатаии Эрон нисбати Банисадр импичмент эълон кард. Далели ин иқдом фаъолияташ зидди руҳониёни Эрон арзёбӣ шудааст. Баъди ин Банисадр ба Фаронса гурехта, то охири умр дар он ҷо монд.