https://sputnik.tj/20211008/zan-vkd-qallobi-bozdosht-1042720983.html
Зане беш 2 миллион долларро гирифту аз Чин маҳсулот наовард: як ҷабрдида падараш аст
Зане беш 2 миллион долларро гирифту аз Чин маҳсулот наовард: як ҷабрдида падараш аст
Sputnik Тоҷикистон
Зани ҷавон беш аз ду миллион долларо гирифтаву барнагардонидааст
2021-10-08T14:55+0500
2021-10-08T14:55+0500
2021-10-08T18:36+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вкд-и ҷт
боздошт
қаллоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зани 33-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон дастгир кардааст.Яке аз онҳое, ки мавриди фиреб қарор гирифтааст, падари худи боздоштшуда будааст, хабар медиҳад ВКД.Ба иттилои манбаъ, зани боздоштшуда ҳамзамон бо баҳонаи аз Чин овардани маҳсулоти меваи хушк боз аз ду нафари дигар беш аз 1 миллиону 300 ҳазор доллар гирифтааст. "Гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ аз марди 36-сола 100 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз марди 38-солаи сокинони пойтахт 1 миллиону 362 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол онҳоро фиреб дода, гурехта гаштааст", - омадааст дар иттилоияи ВКД.Маблағи дар умум гирфитаи зан 2 миллиону 103 ҳазору 273 долларо ташкил медиҳад.Инчунин ҷониби кормандони милитсия як марди 40-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро низ бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир кардааст. Ӯ бо роҳи фиреб ба бовари марди 34-солаи даромада, аз ӯ 1 адад автомашинаи тамғаи “Фолсваген-Пассат”-ро ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.ВКД гуфтааст, ки таҳқиқи ҳодисаҳои мазкур идома дорад
https://sputnik.tj/20211007/afvshuda-ozodi-habs-shud-taksi-video-1042698018.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зан боздошт қаллобӣ вкд тоҷикистон
зан боздошт қаллобӣ вкд тоҷикистон
Зане беш 2 миллион долларро гирифту аз Чин маҳсулот наовард: як ҷабрдида падараш аст
14:55 08.10.2021 (Навсозишуда: 18:36 08.10.2021) Зани ҷавон беш аз ду миллион долларо гирифтаву барнагардонидааст
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зани 33-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон дастгир кардааст.
Яке аз онҳое, ки мавриди фиреб қарор гирифтааст, падари худи боздоштшуда будааст, хабар медиҳад ВКД.
"Боздоштшуда рӯзи 15-уми майи соли 2020 бо роҳи фиреб ба бовари ҷавони 26 ва падараш марди 50-солаи сокинони ноҳияи Ашт даромада, аз онҳо 640 ҳазору 773 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз Ҷумҳурии Халкии Хитой маҳсулоти меваи хушк оварда медиҳад",-афзуд манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, зани боздоштшуда ҳамзамон бо баҳонаи аз Чин овардани маҳсулоти меваи хушк боз аз ду нафари дигар беш аз 1 миллиону 300 ҳазор доллар гирифтааст.
"Гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ аз марди 36-сола 100 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз марди 38-солаи сокинони пойтахт 1 миллиону 362 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол онҳоро фиреб дода, гурехта гаштааст", - омадааст дар иттилоияи ВКД.
Маблағи дар умум гирфитаи зан 2 миллиону 103 ҳазору 273 долларо ташкил медиҳад.
Инчунин ҷониби кормандони милитсия як марди 40-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро низ бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир кардааст.
Ӯ бо роҳи фиреб ба бовари марди 34-солаи даромада, аз ӯ 1 адад автомашинаи тамғаи “Фолсваген-Пассат”-ро ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
ВКД гуфтааст, ки таҳқиқи ҳодисаҳои мазкур идома дорад