https://sputnik.tj/20211008/tahmina-rajabova-davrai-sakht-bordori-1042731872.html
Қариб исқоти ҳамл мекарду аз шавҳар ҷудо мешуд: Раҷабова дар бораи сахтиҳо - видео
Қариб исқоти ҳамл мекарду аз шавҳар ҷудо мешуд: Раҷабова дар бораи сахтиҳо - видео
Sputnik Тоҷикистон
Таҳмина Раҷабова - ровӣ ва ҳунарпешаи синамо дар мусоҳибаи ошкоро дар бораи зиндагии шахсӣ ва бордории охираш нақл кард
2021-10-08T20:20+0500
2021-10-08T20:20+0500
2021-10-08T21:09+0500
дар тоҷикистон
таваллуд
фарзанд
мусоҳиба
tajikistan style
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042724964_0:0:2417:1361_1920x0_80_0_0_3bf7d16fd1c296eea046aa9ad4625d85.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ҳунарманди машҳури тоҷик Таҳмина Раҷабова дар бораи давраи сахти ҳомиладорӣ, бемории коронавирус ва хушию ранҷиш аз шавҳараш дар шабакаи "Youtube ORZU" суҳбат кард.Ҳунарпеша изҳор дошт, ки вокуниши мардум ба аксҳояш дар замони ҳомиладорӣ ӯро ҳайратзада кард.Раҷабова нахустин ҳунарманди тоҷик буд, ки аксҳои замони бордориашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, ки вокунишҳои тундро ба бор овард.Ӯ ҳамчунин афзуд, ки агар дар кишварҳои Аврупо чунин кор рух медод, касе чизе намегуфт ва ба гуфти ӯ, худаш низ танҳо ба хотири шод кардани мухлисон бо ин хабари хуш аксҳояшро нашр кард.Дар баробари ин Таҳмина мегӯяд, ба вокунишҳои тунд оқилона муносибат мекунад, табиати инсонро медонад ва аз суханони корбароне, ки фарбеҳшавии давраи ҳомиладорӣ ва пас аз онро ба баҳс мекашанд, намеранҷад.Дар моҳи дуюми бордорӣ Таҳмина гирифтори вируси корона мешавад ва табибон ба ӯ ҳушдор медиҳанд, ки кӯдак метавонад бо нуқсон рушд кунад.Вале ҳунарпеша дарк мекард, ки наметавонад "дилеро ки аллакай метапад, бикушад" ва омода буд, кӯдакро бо ҳама гуна нуқсонаш бузург кунад. Хушбахтона, фарзанди Таҳмина Раҷабова саломат ба дунё омад ва ӯро Халид ном гузоштанд.Дар моҳи панҷуми ҳоиладориаш шавҳари Таҳмина ба вируси корона гирифтор мешавад ва ин беморӣ ба асаби ӯ таъсири манфӣ мерасоанд. Шавҳари ҳунарпеша наздики як моҳ аз аҳволи зани ҳомилааш хабар намегирад.Вале ҳамаи ин мушкилиҳоро ҳунарпеша ҳамроҳи ҳамсараш ба хубӣ паси сар мекунад ва имрӯз ҳамроҳи хонаводааш хушбах тзиндагӣ мекунад.Таҳмина ҳамаи ин мушкилотро санҷиши тақдир медонад, ки дучанд муносиботи ӯро бо шавҳар наздик кардааст.Ёдовар мешавем, ки Раҷабова пас аз кор дар телевизион ва нақш дар филмҳои "Иродаи зиндагӣ", "Мадраса", "Рафтори бад", "Эделвейс", "12 - соли интизорӣ" ва бисёр филмҳои дигар шуҳрат пайдо кард.
https://sputnik.tj/20200716/Marg-nobaangomi-padar-va-judoshavi-az-shavhar-noguftahoi-Tahmina-Rajabova-video-1031585086.html
https://sputnik.tj/20210221/tahmina-rajabova-tavallud-farzand-1032868993.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042724964_15:0:1846:1373_1920x0_80_0_0_7785c519b3bc3729ec550f51f216b622.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳмина раҷабова, ҳунарманд, исқоти ҳамл, видео
таҳмина раҷабова, ҳунарманд, исқоти ҳамл, видео
Қариб исқоти ҳамл мекарду аз шавҳар ҷудо мешуд: Раҷабова дар бораи сахтиҳо - видео
20:20 08.10.2021 (Навсозишуда: 21:09 08.10.2021) Таҳмина Раҷабова - ровӣ ва ҳунарпешаи синамо дар мусоҳибаи ошкоро дар бораи буҳрони зиндагии оилавӣ нақл кард
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ҳунарманди машҳури тоҷик Таҳмина Раҷабова дар бораи давраи сахти ҳомиладорӣ, бемории коронавирус ва хушию ранҷиш аз шавҳараш дар шабакаи "Youtube ORZU" суҳбат кард.
Ҳунарпеша изҳор дошт, ки вокуниши мардум ба аксҳояш дар замони ҳомиладорӣ ӯро ҳайратзада кард.
Раҷабова нахустин ҳунарманди тоҷик буд, ки аксҳои замони бордориашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, ки вокунишҳои тундро ба бор овард.
"Ман дар нашр кардани акси ҳомиладорӣ ягон ҷои шарму айб намебинам, чун ин кори табиӣ ва Худодод аст",-таъкид кард Таҳмина.
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки агар дар кишварҳои Аврупо чунин кор рух медод, касе чизе намегуфт ва ба гуфти ӯ, худаш низ танҳо ба хотири шод кардани мухлисон бо ин хабари хуш аксҳояшро нашр кард.
Дар баробари ин Таҳмина мегӯяд, ба вокунишҳои тунд оқилона муносибат мекунад, табиати инсонро медонад ва аз суханони корбароне, ки фарбеҳшавии давраи ҳомиладорӣ ва пас аз онро ба баҳс мекашанд, намеранҷад.
Дар моҳи дуюми бордорӣ Таҳмина гирифтори вируси корона мешавад ва табибон ба ӯ ҳушдор медиҳанд, ки кӯдак метавонад бо нуқсон рушд кунад.
"Духтур гуфт, ман бояд худ қарор барорам, ки ин кӯдакро таваллуд мекунам ё не. Гӯё аз сарам оби хунук рехтанд",-гуфт Раҷабова.
Вале ҳунарпеша дарк мекард, ки наметавонад "дилеро ки аллакай метапад, бикушад" ва омода буд, кӯдакро бо ҳама гуна нуқсонаш бузург кунад. Хушбахтона, фарзанди Таҳмина Раҷабова саломат ба дунё омад ва ӯро Халид ном гузоштанд.
Дар моҳи панҷуми ҳоиладориаш шавҳари Таҳмина ба вируси корона гирифтор мешавад ва ин беморӣ ба асаби ӯ таъсири манфӣ мерасоанд. Шавҳари ҳунарпеша наздики як моҳ аз аҳволи зани ҳомилааш хабар намегирад.
"Қариб буд, оила вайрон шавад",-ба ёд меорад Таҳмина.
Вале ҳамаи ин мушкилиҳоро ҳунарпеша ҳамроҳи ҳамсараш ба хубӣ паси сар мекунад ва имрӯз ҳамроҳи хонаводааш хушбах тзиндагӣ мекунад.
Таҳмина ҳамаи ин мушкилотро санҷиши тақдир медонад, ки дучанд муносиботи ӯро бо шавҳар наздик кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Раҷабова пас аз кор дар телевизион ва нақш дар филмҳои "Иродаи зиндагӣ", "Мадраса", "Рафтори бад", "Эделвейс", "12 - соли интизорӣ" ва бисёр филмҳои дигар шуҳрат пайдо кард.