https://sputnik.tj/20211008/sbp-vada-iqtisod-tojikiston-dastgiri-1042713683.html
Сандуқи Байналмилалии Пул ваъда дод, ки иқтисоди Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад
Сандуқи Байналмилалии Пул ваъда дод, ки иқтисоди Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибҳо барои тасдиқи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ба Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои кумакҳои техникӣ дар самти суботи молиявӣ, сиёсати пулию қарзӣ изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.
2021-10-08T10:53+0500
2021-10-08T10:53+0500
2021-10-08T13:30+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонки миллӣ
бонки ҷаҳонӣ
хба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/07/1034471549_0:166:3119:1920_1920x0_80_0_0_ed4d6c72adbe1381a69936f83186c468.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ҳамкории минбаъда дар мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайатҳои Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ баррасӣ шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Бонки миллӣ. Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода ҳамкориҳои муассир ва дастгирии СБП барои рушди иқтисоди Тоҷикистонро таъкид кардааст. Дар ҳамин ҳол ҷонибҳо қайд карданд, ки паҳншавии COVID-19 дар ҷаҳон ва сустшавии рушди иқтисодӣ дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла шарикони асосии рушди Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар таъсир гузоштааст.Ҷонибҳо барои тасдиқи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои кумакҳои техникӣ дар самти суботи молиявӣ, сиёсати пулию қарзӣ ҷиҳати гузариш ба ҳадафгирии таваррум, сиёсати асъорӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.БМТ инчунин хабар дод, ки дар доираи музокирот бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои гуногун, ки ба рушди иқтисодии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, баррасӣ шуданд. Қаблан хабар дода шуд, ки Тоҷикистон бо дархости бештари маблағгузорӣ ба Бонки Ҷаҳонӣ ва СБП муроҷиат кардааст.
https://sputnik.tj/20211006/darkhosti-kumakhoi-molii-tojikiston-bonki-jahoni-1042675716.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/07/1034471549_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_6011fb1f24c4f90ae7382b06b37349c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сандуқ пул иқтисод тоҷикистон кумак
сандуқ пул иқтисод тоҷикистон кумак
Сандуқи Байналмилалии Пул ваъда дод, ки иқтисоди Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад
10:53 08.10.2021 (Навсозишуда: 13:30 08.10.2021) Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки миллии Тоҷикистон барои тасвиби барномаи нави ислоҳот дар кишвар ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ҳамкории минбаъда дар мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайатҳои Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ баррасӣ шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Бонки миллӣ.
Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода ҳамкориҳои муассир ва дастгирии СБП барои рушди иқтисоди Тоҷикистонро таъкид кардааст.
Дар ҳамин ҳол ҷонибҳо қайд карданд, ки паҳншавии COVID-19 дар ҷаҳон ва сустшавии рушди иқтисодӣ дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла шарикони асосии рушди Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар таъсир гузоштааст.
"Дар ин росто дастгирии буҷаи кишвар дар доираи Механизми фаврии қарздиҳӣ ва бахшидани қарз аз ҷониби ХБА яке аз тадбирҳои назаррас барои коҳиш додани таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар, бахусус бахши молиявӣ арзёбӣ мегардад", - омадааст дар иттилоия ин ниҳод.
Ҷонибҳо барои тасдиқи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои кумакҳои техникӣ дар самти суботи молиявӣ, сиёсати пулию қарзӣ ҷиҳати гузариш ба ҳадафгирии таваррум, сиёсати асъорӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.
БМТ инчунин хабар дод, ки дар доираи музокирот бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои гуногун, ки ба рушди иқтисодии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, баррасӣ шуданд.
Қаблан хабар дода шуд, ки Тоҷикистон бо дархости бештари маблағгузорӣ ба Бонки Ҷаҳонӣ ва СБП муроҷиат кардааст.