Сабти рекордии пошхӯрии оилаҳо дар Хатлон

© Sputnik / Стас ЭтвешСсора, архивное фото
Ссора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлон аз ҷудошавии зиёди оилаҳо дар вилоят хабар додаанд
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон хабар додааст, ки дар зарфи 9 моҳ дар вилоят 2361 оила ақди никоҳи худро бекор кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 591 ҳолат зиёдтар будааст, иттилоъ додааст рӯзномаи “Фараж”.
Ба иттилои манбаъ, аз шумораи оилаҳои ҷудошуда 1 ҳазору 860 ҳолати он бо қарори суд, 499 оила бо розигии ҳамсароне, ки фарзандони умумии ноболиғ надоштанд ва 2 ҳолати дигар бо аризаи яке аз ҳамсарон бекор шудааст.
Ҳамзамон ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки баъд аз ҷудо шудани 2 ҳазору 361 оила дар вилоят 2 ҳазору 516 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум шудааст.
Молодая пара выясняет отношения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2020
Ақди никоҳ каму ҷудошавӣ ҳам кам: Кумитаи занон омори азҳампошии оилаҳоро гуфт
Инчунин аз ин шумор 104 кӯдак дар тарбияи падар ва боқӣ дар тарбияи модарон мондаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи манбаъ, дар шаҳру ноҳияҳои Қубодиён, Балхӣ, Кӯшониён, Ҷомӣ, Дӯстӣ, Фархор, Ҳамадонӣ, Ҷайҳун, Бохтар, Панҷ, Шаҳритус, Левакант, Носири Хусрав, Муъминобод, Восеъ, Кӯлоб, Хуросон, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон ва Темурмалик ҷудошавии оилаҳо аз 1 то 75 ҳолати афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ, дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Норак ва Данғара пошхӯрии оилаҳо кам гардида, дар ноҳияи Вахш чун пештара муътадил аст.
Лентаи хабарҳо
0