Баррасии вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар боздоштгоҳи мувақатии шаҳри Екатеренбург

© Представительство РТ в РФ по миграцииЗафар Сайидзода, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург
Зафар Сайидзода, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Обуна шудан
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо мақомоти Маркази муваққатии нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар ин шаҳр масъалаи будубоши муваққатии шаҳрвандони ҷумҳурӣ пеш аз ихроҷро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Бинобар иттилои намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ахиран Зафар Сайидзода, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, Беҳрӯз Холиқов, масъули умури муҳоҷират, фаъолони диаспораи тоҷикони намояндагии Вазорати меҳнат дар Русия дар минтақаи Урал ва Ёқуб Умаров, муовини аввали раиси Шӯрои ҷамъиятии Консулгарии генералии Тоҷикистон аз Маркази муваққатии нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбург дидан намуданд.
Дар зимни дидори онҳо бо Михаил Пилаев, муовини роҳбари марказ суҳбати судманд сурат гирифт.
Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот натиҷа ва нақшаи ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
“Зимни суҳбат дар мавриди роҳу усулҳои ҳалли баъзе масъалаҳои ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба будубоши муваққатии онҳо пеш аз ихроҷи маъмурӣ марбутанд, тафовуқи комил ҳосил шуд",- илова кардааст намояндагии Вазорати меҳнат.
Единый миграционный центр Московской области, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2021
Маркази ягонаи муҳоҷират ба Сахарово кӯчонида мешавад
Ҳамзамон масъулини консулгарӣ ба Михаил Пилаев, сардори ТСВСИГ Александр Филиппов ва Олга Бескурная, афсари муваффақи хадамоти иҷрочии суд барои ҳамкориҳои доимӣ ифтихорномаи фахрӣ доданд.
Инчунин пас аз мулоқот бо масъулин, дидоре бо ҳамватаноне низ, ки дар марказии мувақатии шаҳрвандони хориҷӣ қарор доранд, сурат гирифт.
Таъкид шудааст, ки консулгарӣ барои он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар он ҷо нигаҳдорӣ мешаванд кумаки моддӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0