https://sputnik.tj/20211008/joizai-sulhi-nobel-ruznomanigoroni-rusu-amrikoi-1042732180.html
Ҷоизаи Сулҳи Нобел насиби рӯзноманигорони русу амрикоӣ шуд
Ҷоизаи Сулҳи Нобел насиби рӯзноманигорони русу амрикоӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сардабири нашрияи русии "Новая газета" Дмитрий Муратов ва рӯзноманигори филиппиниву амрикоӣ Мария Ресса сазовори ҷоизаи Сулҳи Нобел шуданд
2021-10-08T21:00+0500
2021-10-08T21:00+0500
2021-10-08T21:13+0500
дар ҷаҳон
рӯзноманигор
амрикоӣ
ҷоизаи нобел
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102999/26/1029992601_0:56:2831:1648_1920x0_80_0_0_8316f5e0ffc9ee76f68d759033452838.jpg
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Кумитаи Нобел ахиран эълон кард, ки Мария Ресса ва Дмитрий Муратов барои ҷасораташон дар мубориза барои озодии баён дар Филиппин ва Русия сазовори ҷоизаи Сулҳи Нобел мешаванд."Айни замон, онҳо аз ҳамаи он рӯзноманигороне намояндагӣ мекунанд, ки дар шароити печида барои ормонҳои худ, яъне демократия ва озодии матбуот истодагарӣ мекунанд",- қайд кардааст Кумитаи Нобел.Ҷоиза барои дастовардҳо дар амалиёти пойдору мустаҳкам намудани сулҳ ҳар сол аз ҷониби Кумитаи ҷоизаҳои Нобелӣ дар шаҳри Стокҳолм супорида мешавад.Дмитрий Муратов соли 1961 дар шаҳри Куйбишеви Русия таваллуд шуда, баъд аз хидмат дар артиш фаъолияташро дар нашрияи "Волжский комсомолец" оғоз карда, сипас дар нашрияи "Комсомольская правда" кор кардааст.Солҳои 1995 сардабири "Новая газета" шуд.Муратов аввалин шаҳрванди Русия аст, ки баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел мешавад. Пештар ин ҷоизаиро дар замони Иттиҳоли Шӯравӣ, ҳомии ҳуқуқ Андрей Сахаров ва собиқ президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв сазовор шуда буданд.Гуфта мешавад, ки Мария Ресса дар давоми фаъолияти рӯзноманигориаш бо шабакаҳои телевизионии CNN ABS-CBN кор кардааст.Вай дар чанд ташаббусҳои бахшида ба озодии матбуот иштирок кардааст.Бояд қайд кард, ки имсол 95 созмон ва 234 шахсият довталаби ҷоизаи Сулҳи Нобел буданд.Ёдрас мешавем, ки ҷоизаро соҳибкору саноатчии швед Алфред Нобел дар соли 1895 таъсис дода буд.Ҷоизаи Нобел яке аз мукофотҳои боэътибортарини байналмилалӣ ба шумор рафта, ҳамасола барои тадқиқотҳои илмии бузургтарин, ихтирооти инқилобӣ ё гузоштани саҳми бузург дар рушду камоли фарҳанг ё ҷомеа дода мешавад.
https://sputnik.tj/20211007/gurnah-baranda-joiza-nobel-adabiyot-1042705590.html
https://sputnik.tj/20211006/elon-barandaho-joizai-nobel-1042682650.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102999/26/1029992601_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_6038fc79f479ea43f211e584ff8ee2d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷоизаи нобел, сардабир, рӯзноманигор, амрико, рус, ҷоизаи сулҳи нобел
ҷоизаи нобел, сардабир, рӯзноманигор, амрико, рус, ҷоизаи сулҳи нобел
Ҷоизаи Сулҳи Нобел насиби рӯзноманигорони русу амрикоӣ шуд
21:00 08.10.2021 (Навсозишуда: 21:13 08.10.2021) Сардабири нашрияи русии "Новая газета" Дмитрий Муратов ва рӯзноманигори филиппиниву амрикоӣ Мария Ресса сазовори ҷоизаи Сулҳи Нобел шуданд
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Кумитаи Нобел ахиран эълон кард, ки Мария Ресса ва Дмитрий Муратов барои ҷасораташон дар мубориза барои озодии баён дар Филиппин ва Русия сазовори ҷоизаи Сулҳи Нобел мешаванд.
"Айни замон, онҳо аз ҳамаи он рӯзноманигороне намояндагӣ мекунанд, ки дар шароити печида барои ормонҳои худ, яъне демократия ва озодии матбуот истодагарӣ мекунанд",- қайд кардааст Кумитаи Нобел.
Ҷоиза барои дастовардҳо дар амалиёти пойдору мустаҳкам намудани сулҳ ҳар сол аз ҷониби Кумитаи ҷоизаҳои Нобелӣ дар шаҳри Стокҳолм супорида мешавад.
Дмитрий Муратов соли 1961 дар шаҳри Куйбишеви Русия таваллуд шуда, баъд аз хидмат дар артиш фаъолияташро дар нашрияи "Волжский комсомолец" оғоз карда, сипас дар нашрияи "Комсомольская правда" кор кардааст.
Солҳои 1995 сардабири "Новая газета" шуд.
Муратов аввалин шаҳрванди Русия аст, ки баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел мешавад. Пештар ин ҷоизаиро дар замони Иттиҳоли Шӯравӣ, ҳомии ҳуқуқ Андрей Сахаров ва собиқ президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв сазовор шуда буданд.
Гуфта мешавад, ки Мария Ресса дар давоми фаъолияти рӯзноманигориаш бо шабакаҳои телевизионии CNN ABS-CBN кор кардааст.
Вай дар чанд ташаббусҳои бахшида ба озодии матбуот иштирок кардааст.
Бояд қайд кард, ки имсол 95 созмон ва 234 шахсият довталаби ҷоизаи Сулҳи Нобел буданд.
Ёдрас мешавем, ки ҷоизаро соҳибкору саноатчии швед Алфред Нобел дар соли 1895 таъсис дода буд.
Ҷоизаи Нобел яке аз мукофотҳои боэътибортарини байналмилалӣ ба шумор рафта, ҳамасола барои тадқиқотҳои илмии бузургтарин, ихтирооти инқилобӣ ё гузоштани саҳми бузург дар рушду камоли фарҳанг ё ҷомеа дода мешавад.