Борону барф: ҳавои Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат ҳайратангез мешавад

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкДевушка поз зонтом в осеннем парке
Девушка поз зонтом в осеннем парке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Обуна шудан
Ду рӯзи оянда дар вилояти Суғд борон шадид меборад, дар баландкӯҳҳо барф мерезад, аммо ҳавои Хатлон ва ВМКБ нисбатан гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ҳавошиносон боду ҳавои чанд рӯзи ояндаро пешгӯи карданд, ки тибқи он, дар бисёр манотиқи Тоҷикистон борон меборад, хабар медиҳад Оҷонсии ҳавошиносии кишвар.
Рӯзи 9 октябр дар Душанбе бориш пешбинӣ намешавад, ҳаво абрнок мешавад, баъзан вазиши бод то 10-15 метр дар як сония мерасад. Ҳарорат шабона 8-10°, рӯзона ба 18-20 дараҷа гармӣ мерасад.
Рӯзи якшанбе дар пойтахт борон меборад ва ҳарорати рӯзона то + 15 °C паст мешавад. Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, дар баъзе ҷойҳо борони кутоҳмуддат меборад ва шабона резиши барф дар назар аст.
Дар ағбаҳо меҳ мефарояд ва вазиши бод пешгӯӣ мешавад. Дар кӯҳҳо шабона + 4-9 °C, рӯзона + 14-19 °C мешавад.
Дар вилояти Суғд аз рӯзи ҷумъа сар карда, борон меборад ва то 10 октябр идома меёбад.
Ҳарорати ҳавои рӯзҳои истироҳат аз +22 то + 11 ° C поин меравад. Дар водиҳо шабона ҳаво + 5-10 ° С мешавад.
Ҳамзамон шамол то 15 метр дар як сония мевазад ва ҳаво дар кӯҳҳо то панҷ дараҷа сардтар шудаву аввал борону баъд барф меборад, ағбаҳоро меҳ фаро мегирад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво нисбатан гармтар боқӣ мемонад, танҳо рӯзи 10-уми октябр боридани борон дар назар аст.
Дар давоми рӯз, ҳаво аз + 23 ° C то + 14 ° C ва шабона - тақрибан + 4-6 °C пешгӯӣ мешавад.
Дар Мурғоб шаби якшанбе барф, рӯзона борон меборад, шабона ҳарорати ҳаво то -6 °C, рӯзона + 7-9 ° C мерасад.
Ҳавои вилояти Хатлон тайи се рӯзи оянда гарму хушк мешавад. Ҳаво шабона + 8-10 ° C, рӯзона + 20-22 ° C хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0