Занони тоҷик бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиёро доварӣ мекунанд - акс

© ФФТРефери ФИФА Нодира Мирзоева (Душанбе)
Рефери ФИФА Нодира Мирзоева (Душанбе) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Обуна шудан
Занони довари тоҷикистонӣ бори аввал бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиёро доварӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, бори аввал дар таърихи кишвар аст, ки занони тоҷик бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиёро доварӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, занони довар аз Тоҷикистон Нодира Мирзоева, довари Федератсияи байналмилалии футбол аз шаҳри Душанбе ва Дилшода Раҳмонова ёвари довари ФИФА аз ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.
© ФФТассистент рефери ФИФА Дилшода Рахмонова (Рудаки)
ассистент рефери ФИФА Дилшода Рахмонова (Рудаки) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
ассистент рефери ФИФА Дилшода Рахмонова (Рудаки)
Ин ду нафар, ки ба феҳрасти доварони Конфедератсияи футболи Осиё ворид шудаанд, ба доварии марҳилаи интихобии мусобиқаи Ҷоми Осиё - 2022 миёни тимҳои миллӣ таъйин шудаанд.
Нодира Мирзоева ва Дилшода Раҳмонова бозиҳои гуруҳи "D"-ро доварӣ мекунанд. Бозии ин гурӯҳ аз 18 то 24 октябр дар шаҳри Бишкек сурат мегирад.
Дар ин гурӯҳи чоргона тимҳои занонаи Мянмор, Лубнон, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Гуам майдондорӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0