https://sputnik.tj/20211007/tojikiston-vaksin-daryoft-mekunad-1042705456.html
Тоҷикистон боз 800 ҳазор воя ваксина дарёфт мекунад
Тоҷикистон боз 800 ҳазор воя ваксина дарёфт мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад, моҳи ҷорӣ ба Тоҷикистон боз 800 ҳазор воя ваксина алайҳи коронавирус ворид гардад
2021-10-07T17:45+0500
2021-10-07T17:45+0500
2021-10-08T12:08+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/1a/1032898992_0:113:3243:1937_1920x0_80_0_0_a61b80145661e74a85cea8893b86d996.jpg
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар ин моҳ қарор аст, Тоҷикистон боз 800 ҳазор воя ваксина алайҳи бемории коронавирус дастрас кунад.Дар ин бора Вазорати беҳдошт хабар дода, тавзеҳ дод, ки ваксина аз кадом давлатҳо ворид мешавад.Бинобар иттилои ин ниҳод, дар моҳи октябр 500 ҳазор воя ваксинаи истеҳсоли аврупоии "AstraZeneca" ва 302 ҳазор воя доруи сохти чинӣ - "CoronaVac" ворид мешавад. Алъон корҳои ҳуҷҷатгузорӣ барои ворид намудани ин миқдор ваксина идома дорад.Қаблан дар доираи барномаи COVAX ба Тоҷикистон 4 861 540 воя ваксин фиристода шуд ва маъракаи ваксиназании шаҳрвандон ҷараён дорад.Вазорат мегӯяд, ваксиназанӣ феълан бо 5 навъ дору, аз ҷумла "CoronaVac", "AstraZeneca", "Moderna", "Pfaizer" ва "Спутник V" идома дорад.
https://sputnik.tj/20211007/sjb-tojikiston-vaksin-muhlat-istifoda-guzashta-intiqol-1042703641.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/1a/1032898992_256:0:2987:2048_1920x0_80_0_0_6eb2d6bc875563fce9b52138d48dc279.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон ваксина
Тоҷикистон боз 800 ҳазор воя ваксина дарёфт мекунад
17:45 07.10.2021 (Навсозишуда: 12:08 08.10.2021) Интизор меравад, дар ин моҳ ба Тоҷикистон боз 800 ҳазор воя ваксина алайҳи коронавирус ворид гардад
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар ин моҳ қарор аст, Тоҷикистон боз 800 ҳазор воя ваксина алайҳи бемории коронавирус дастрас кунад.
Дар ин бора Вазорати беҳдошт хабар дода, тавзеҳ дод, ки ваксина аз кадом давлатҳо ворид мешавад.
Бинобар иттилои ин ниҳод, дар моҳи октябр 500 ҳазор воя ваксинаи истеҳсоли аврупоии "AstraZeneca" ва 302 ҳазор воя доруи сохти чинӣ - "CoronaVac" ворид мешавад. Алъон корҳои ҳуҷҷатгузорӣ барои ворид намудани ин миқдор ваксина идома дорад.
Қаблан дар доираи барномаи COVAX ба Тоҷикистон 4 861 540 воя ваксин фиристода шуд ва маъракаи ваксиназании шаҳрвандон ҷараён дорад.
Вазорат мегӯяд, ваксиназанӣ феълан бо 5 навъ дору, аз ҷумла "CoronaVac", "AstraZeneca", "Moderna", "Pfaizer" ва "Спутник V" идома дорад.