https://sputnik.tj/20211007/rahmon-kambizoati-viloyatro-kam-sughd-1042709812.html
Раҳмон омори камбизоатӣ дар се вилоятро гуфт: аз ҳама кам дар Суғд
Раҳмон омори камбизоатӣ дар се вилоятро гуфт: аз ҳама кам дар Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Бар асоси омори камбизоатӣ дар се вилояти Тоҷикистон аз сатҳи аз ҳама пасти камбизоатӣ дар вилояти Суғд мебошад
2021-10-07T20:10+0500
2021-10-07T20:10+0500
2021-10-07T20:10+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
баланд
паст
сатҳи камбизоатӣ
фақр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035170027_0:81:1562:960_1920x0_80_0_0_e2f4b3b9671232ba6453c13b3797a335.jpg
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки феълан бо сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад, зикр намуд, ки соли 1999 сатҳи камбизоатӣ дар Суғд 73 дарсадро ташкил медод. Раисҷумҳур дар мулоқот бо фаъолони Хуҷанд таъкид намуд, ки дар соли 2020 сатҳи камбизоатӣ дар вилоят ба 15,4 фоиз расидааст. Ӯ чунин поинравиро дастоварди хеле назаррас арзёбӣ кардааст. Бар асоси омори камбизоатие, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои ахираш ба се вилояти кишвар баён дошт, мизони аз ҳама баланди камбизоатӣ дар Хатлон боқӣ мондааст. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, сатҳи камбизоатӣ дар вилояти Хатлон аз 91 фоизи соли 1999 ба 32,8 фоиз дар соли 2019 коҳиш ёфтааст. Ӯ дар мулоқот бо фаъолони Хатлон таъкид намуд, ки ин нишондод ҳанӯз қонеъкунанда набуда, дастур дод, ки барои боз ҳам паст кардани он тамоми имкониятҳо сафарбар шаванд. Раисҷумҳур дар ВМКБ изҳор дошт, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 97 фоизи соли 1999 то ба 29,7 фоиз дар соли 2019 паст гардидааст. Таъкид шуд, ки талошҳо барои поин бурдани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ идома доранд.
https://sputnik.tj/20211007/ashk-raisjumhur-zimn-iftitohi-paykara-duoi-modar-video-1042708518.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035170027_87:0:1475:1041_1920x0_80_0_0_392fe9cfe899137ce2f5967e0f91fdb3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, камбизоатӣ, мизон, суғд, хатлон, вмкб
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, камбизоатӣ, мизон, суғд, хатлон, вмкб
Раҳмон омори камбизоатӣ дар се вилоятро гуфт: аз ҳама кам дар Суғд
Бар асоси омори камбизоатӣ дар се вилояти Тоҷикистон сатҳи аз ҳама пасти камбизоатӣ дар вилояти Суғд мебошад
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки феълан бо сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад, зикр намуд, ки соли 1999 сатҳи камбизоатӣ дар Суғд 73 дарсадро ташкил медод.
Раисҷумҳур дар мулоқот бо фаъолони Хуҷанд таъкид намуд, ки дар соли 2020 сатҳи камбизоатӣ дар вилоят ба 15,4 фоиз расидааст. Ӯ чунин поинравиро дастоварди хеле назаррас арзёбӣ кардааст.
Бар асоси омори камбизоатие, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои ахираш ба се вилояти кишвар баён дошт, мизони аз ҳама баланди камбизоатӣ дар Хатлон боқӣ мондааст.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, сатҳи камбизоатӣ дар вилояти Хатлон аз 91 фоизи соли 1999 ба 32,8 фоиз дар соли 2019 коҳиш ёфтааст. Ӯ дар мулоқот бо фаъолони Хатлон таъкид намуд, ки ин нишондод ҳанӯз қонеъкунанда набуда, дастур дод, ки барои боз ҳам паст кардани он тамоми имкониятҳо сафарбар шаванд.
Раисҷумҳур дар ВМКБ изҳор дошт, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 97 фоизи соли 1999 то ба 29,7 фоиз дар соли 2019 паст гардидааст.
Таъкид шуд, ки талошҳо барои поин бурдани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ идома доранд.