Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ: 14 миллион афғонро фақру гуруснагии шадид таҳдид мекунад

© Sputnik / В. Киселев / Гузариш ба медиабонкГород Герат
Город Герат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2021
Обуна шудан
Масъулони Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Афғонистон ҳушдор медиҳад, ки бо фарорасии зимистон ва мушкилоти кунунӣ авзоъ дар ин кишвар буҳронитар хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Ба гуфтаи онҳо, дар як моҳи ахир беш аз се миллиону нуҳсад ҳазор нафар бастаҳои ғизоӣ хайр кардаанд, аммо ин хайр барои беҳтар кардани вазъ кофӣ нест, зеро беш аз се миллион кӯдак аз норасоии ғизо ранҷ мебаранд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон дар такя ба "TOLOnews".
Ба гуфтаи онҳо, дар як моҳи ахир беш аз се миллиону нуҳсад ҳазор нафар бастаҳои ғизоӣ хайр кардаанд, ки ба гуфтаи созмон, он кифоят намекунад.

"Мо ба маблағе, ки дар конфронси Женева ба Афғонистон дода шуд, ниёз дорем, то созмонҳое ба мисли Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ ва ЮНИСЕФ бо роҳандозии барномаҳои бузурги башардӯстона ба мардуми афғон кумак кунанд",-гуфт Мэри Аллен, раҳбари Созмони ҷаҳонии ғизо дар Афғонистон.

Дар қисми дигари суханронии худ ӯ афзуд: "Зимистон меояд ва ба ман лозим нест, бигӯям, ки зимистон дар ин ҷо чӣ қадар сахт аст. Нархи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ боло меравад. Мо бояд пеш аз ба охир расидани вақт ба кор сар кунем."
Оилаҳое, ки барои дарёфти кумаки Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар навбат меистанд, мегӯянд, вазъи молии хонаводаҳояшон он қадар бад аст, ки ҳатто барои ба хона интиқол додани кумаки дарёфтиашон пул надоранд.
Ҳалима, як сокини маҳаллаи 16-уми Кобул, ба TOLOnews гуфт: "Ман хонаи иҷора дорам. Кӯдак дорам ва аз субҳ дар ин ҷо будам. Ин кӯмакҳо кофӣ нестанд. Мо дар ҳолати бад қарор дорем."
Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Барои кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон 1,3 миллиард доллар ниёз аст
"Мо дар хона танҳо як коргар дорем. Қисми боқимонда, мо бекорем, гарчанде ки чор ё панҷ нафарем",-гуфт, Ғулом Муҳаммад, сокини маҳаллаи 16-уми Кобул.
Тибқи гуфтаи раҳбари Барномаи ҷаҳонии озуқа, беш аз нисфи аҳолии Афғонистон бинобар хушксолӣ ва шароити бади иқтисодӣ дар ин кишвар бо норасоии озуқа рӯ ба рӯ ҳастанд ва ба таваҷҷуҳи фаврӣ ниёз доранд.
Раҳбари барнома мегӯяд, ки то поёни соли ҷорӣ ин созмон барои таъмини ғизои ниёзмандон дар Афғонистон ба сад миллион доллар ниёз дорад ва соли оянда ин рақам ба сесад миллион доллар мерасад.
Лентаи хабарҳо
0