https://sputnik.tj/20211006/tolibon-tahdide-afghoniston-eron-1042671036.html
“Толибон”*: Намегузорем, таҳдиде аз хоки Афғонистон нисбати Эрон сурат гирад
“Толибон”*: Намегузорем, таҳдиде аз хоки Афғонистон нисбати Эрон сурат гирад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини волии “Толибон”* дар вилояти Ҳирот, таъкид кард, ки ин гуруҳ иҷоза намедиҳад таҳдиде аз сӯи гурӯҳи террористии ДИИШ алайҳи Эрон сурат бигирад
2021-10-06T09:00+0500
2021-10-06T09:00+0500
2021-10-06T11:48+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
толибон
эрон
ҳамкорӣ
таҳдид
осиёи марказӣ
дииш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1e/1042582294_0:217:3072:1945_1920x0_80_0_0_1592257540f2675533b2185ca9ffce6b.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Мавлавӣ Шераҳмад Аммории Муҳоҷир, муовини волии “Толибон”* дар вилояти Ҳирот дар дидор бо мақомҳои маҳаллии Хуросони Разавӣ ва ҳамзамон бо таҳвили бастаҳои кумакҳои башардӯстонаи Эрон ба Афғонистон дар нуқтаи сифри гузаргоҳи марзии Исломқалъа гуфт, ки “Толибон”* ба тамоми қавонини байналмилалӣ ва ҳамсоядорӣ пойбанд буда ва ҳеҷ гоҳ иҷоза намедиҳад, ки афрод ва ё гурӯҳҳое монанди ДИИШ* аз хоки Афғонистон алайҳи Эрон истифода кунанд.Дар ин бора хабаргузории “Форс” дар истинод ба дафтари расонаҳои волии Ҳирот иттилоъ додааст.Ёдрас мешавем, ки чанде пеш устондори Хуросони Разавӣ бо ҳадафи тавсеаи равобити тиҷорӣ ва баррасиву ҳалли мушкилоту мавонеи транзитӣ ба Афғонистон сафар кард.Дар идомаи раванди ирсоли кумакҳои башардӯстонаи Эрон ба Афғонистон ва пас аз як моҳи рӯйи кор омадани ҳукумати “Толибон”*, ахиран чаҳорумин маҳмулаи эҳдоӣ дар нуқтаи сифри марзии Хуросони Разавӣ ва Ҳирот ба масъулини афғон таҳвил дода шуд.Ҳамчунин ахиран боз маҳмулаи кумакҳои башардӯстонаи Ҳилоли Аҳмари Эрон барои мардуми афғон ба Афғонистон ирсол шуд.* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Тоҷикистону Русия
https://sputnik.tj/20210908/nigaronii-eron-hukumati-navi-tolibon-afghoniston-1042132263.html
афғонистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1e/1042582294_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_5183d6ff0a83adba0dfeb7ae20616957.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, эрон, таҳдид, дииш, ҳиронт, толибон
афғонистон, эрон, таҳдид, дииш, ҳиронт, толибон
“Толибон”*: Намегузорем, таҳдиде аз хоки Афғонистон нисбати Эрон сурат гирад
09:00 06.10.2021 (Навсозишуда: 11:48 06.10.2021) Муовини волии “Толибон”* дар вилояти Ҳирот таъкид кард, ки ин гурӯҳ иҷоза намедиҳад, таҳдиде аз сӯйи гурӯҳи террористии ДИИШ* алайҳи Эрон сурат бигирад
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Мавлавӣ Шераҳмад Аммории Муҳоҷир, муовини волии “Толибон”* дар вилояти Ҳирот дар дидор бо мақомҳои маҳаллии Хуросони Разавӣ ва ҳамзамон бо таҳвили бастаҳои кумакҳои башардӯстонаи Эрон ба Афғонистон дар нуқтаи сифри гузаргоҳи марзии Исломқалъа гуфт, ки “Толибон”* ба тамоми қавонини байналмилалӣ ва ҳамсоядорӣ пойбанд буда ва ҳеҷ гоҳ иҷоза намедиҳад, ки афрод ва ё гурӯҳҳое монанди ДИИШ* аз хоки Афғонистон алайҳи Эрон истифода кунанд.
Дар ин бора хабаргузории “Форс” дар истинод ба дафтари расонаҳои волии Ҳирот иттилоъ додааст.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш устондори Хуросони Разавӣ бо ҳадафи тавсеаи равобити тиҷорӣ ва баррасиву ҳалли мушкилоту мавонеи транзитӣ ба Афғонистон сафар кард.
Дар идомаи раванди ирсоли кумакҳои башардӯстонаи Эрон ба Афғонистон ва пас аз як моҳи рӯйи кор омадани ҳукумати “Толибон”*, ахиран чаҳорумин маҳмулаи эҳдоӣ дар нуқтаи сифри марзии Хуросони Разавӣ ва Ҳирот ба масъулини афғон таҳвил дода шуд.
Ҳамчунин ахиран боз маҳмулаи кумакҳои башардӯстонаи Ҳилоли Аҳмари Эрон барои мардуми афғон ба Афғонистон ирсол шуд.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Тоҷикистону Русия