Таъсиси чор ширкати нави сайёҳӣ дар Тоҷикистон

CC BY 2.0 / Ninara / Hissar Fortress, Dushanbe, TajikistanТуристы в городе Гиссар в Таджикистане
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Обуна шудан
Дар маҷмуъ дар соли 2021 24 ширкати нави гардишгарӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ шудааст
ДУШАНБЕ, 6 окт – Sputnik. Дар Тоҷикистон чор ширкати нави сайёҳӣ сабти ном шуд, хабар медиҳад Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон.
Ҳамин тавр чор ширкати ҷадиди гардишгарӣ - "Сайри якҷоя", "Маркази байналмилалии омӯзиши забонҳои хориҷӣ", "Масъудиён" ва "Хидматрасонии сайёҳӣ" вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон шуд.
Гиссарская крепость, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Дар Тоҷикистон ширкати нави сайёҳӣ таъсис ёфт
Дар баробари ин муҳлати амали иҷозатномаи фаъолияти ширкати "Интурист" тамдид шуд.
Ҷӯразода: Тоҷикистон имкони қабули 2 миллион сайёҳро дорад
Тибқи гузориши Кумитаи рушди сайёҳӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 234 ширкати сайёҳӣ соҳиби иҷозатномаи фаъолиятанд. Аз ин теъдод 30 ширкати гардишгарӣ соли 2020 ва 24 ширкат имсол таъсис ёфтаанд.
Гуфта мешавад, чунин иқдом бо мақсади мусоидат ба рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии кишвар рӯи даст гирифта шудааст.
Ҷӯразода гуфт, сайёҳии дохилӣ дар Тоҷикистон фоидаовар нест
Интизор меравад, ки ширкатҳои нави сайёҳӣ бозори гардишгариро дар Тоҷикистон гарм карда, хатсайрҳои нав кашф ва пешниҳод мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0