https://sputnik.tj/20211006/talosh-qirghiziston-vorid-barq-tojikiston-1042682881.html
Талоши Қирғизистон барои ворид кардани барқи Тоҷикистон
Талоши Қирғизистон барои ворид кардани барқи Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати Қирғизистон ҳанӯз ҳам дар Душанбе қарор дорад ва музокира миён ин ду кишвар дар масъалаи интиқоли нерӯи барқ идома дорад 06.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-06T17:25+0500
2021-10-06T17:25+0500
2021-10-06T17:45+0500
дар тоҷикистон
энергетика
қирғизистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101367/61/1013676127_0:0:3043:1711_1920x0_80_0_0_6cb354c29bdf7f270bd74c4cc29229a6.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Қирғизистон бо Тоҷикистон дар бораи интиқоли нерӯи барқ музокира мекунанд, хабар медиҳад "Кабар" бо такя ба Вазорати энержии он кишвар.Ба гуфтаи сардори раёсати барқи Вазорати энергетика ва саноати Қирғизистон, Айбек Айдаралиев, ҳайати Қирғизистон то ҳол дар Душанбе қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, вазъи таъминот пас аз бозгашти намояндагони Вазорати энергетика ба Бишкек рӯшан хоҳад шуд.Қаблан Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар дода буд, ки то ҳол нерӯи барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя фурӯхта намешавад"Ҷараён тибқи усули мувозинати тавозуни ҷараёни барқ дар системаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ ва минтақаи ҷанубии Қазоқистон сурат мегирад",-омада буд дар хабари вазорат.Ин дар ҳолест, чанде пеш хабар дода шуд, ки содироти барқ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон оғоз шуда, ҳаҷми он дар як шабонарӯз 1,2 миллион кВт-соатро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20211005/vazorat-tojikiston-intiqol-barq-qirghiziston-sharh-1042650146.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101367/61/1013676127_155:0:2886:2048_1920x0_80_0_0_e0d837b93f3e1e024787bec2c1ff5c09.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, энергетика, қирғизистон, осиёи марказӣ
дар тоҷикистон, энергетика, қирғизистон, осиёи марказӣ
Талоши Қирғизистон барои ворид кардани барқи Тоҷикистон
17:25 06.10.2021 (Навсозишуда: 17:45 06.10.2021) Ҳайати Қирғизистон ҳанӯз ҳам дар Душанбе қарор дорад ва музокира миён ин ду кишвар дар масъалаи интиқоли нерӯи барқ идома дорад
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Қирғизистон бо Тоҷикистон дар бораи интиқоли нерӯи барқ музокира мекунанд, хабар медиҳад "Кабар" бо такя ба Вазорати энержии он кишвар.
Ба гуфтаи сардори раёсати барқи Вазорати энергетика ва саноати Қирғизистон, Айбек Айдаралиев, ҳайати Қирғизистон то ҳол дар Душанбе қарор дорад.
Ба гуфтаи ӯ, вазъи таъминот пас аз бозгашти намояндагони Вазорати энергетика ба Бишкек рӯшан хоҳад шуд.
"Маълум нест, ки шартномаи таҳвили барқ таҳия мешавад ё на. Ҳамчунин ҳаҷми барқи интиқолёфта ва арзиши он низ номаълум аст. Ҷузъиёти ин масъала танҳо пас аз бозгашти намояндагони Қирғизистон аз Душанбе рӯшан мешавад",-изҳор доштааст Айдаралиев.
Қаблан Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар дода буд, ки то ҳол нерӯи барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя фурӯхта намешавад
"Ҷараён тибқи усули мувозинати тавозуни ҷараёни барқ дар системаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ ва минтақаи ҷанубии Қазоқистон сурат мегирад",-омада буд дар хабари вазорат.
Ин дар ҳолест, чанде пеш хабар дода шуд, ки содироти барқ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон оғоз шуда, ҳаҷми он дар як шабонарӯз 1,2 миллион кВт-соатро ташкил медиҳад.