https://sputnik.tj/20211006/obuhavoshinoson-balandiho-boron-barf-1042672303.html
Обуҳавошиносон: Дар баландиҳои зиёда аз се ҳазор метр боришоти борон ва барф дар назар аст
Обуҳавошиносон: Дар баландиҳои зиёда аз се ҳазор метр боришоти борон ва барф дар назар аст
Sputnik Тоҷикистон
Дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ шудааст
2021-10-06T10:30+0500
2021-10-06T10:30+0500
2021-10-06T11:08+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
борон
барф
ҳавои тағйирёбанда
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/07/1040027807_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_6437b5455975b8f8b05244be7a654053.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Агентии обуҳавошиносӣ Тоҷикистон пешгӯи кардааст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда, аммо бебориш мешавад.Ба иттилои обуҳавошиносони тоҷик, ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 11 ва рӯзона то 25 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона то 7 дараҷа хунук ва рӯзона то 14 дараҷа гарм мешавад.Дар ҳамин ҳол дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона то 5 ва рӯзона то 17 дараҷа гарм мешавад.Дар вилояти Хатлон бошад ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаву бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7-12 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Ҳаво шабона 10-12 ва рӯзона 25-27 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20210225/Korshinosi-tojik-guft-sarmo-hosil-zarar--1032891823.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/07/1040027807_207:0:2938:2048_1920x0_80_0_0_fc40b7f69aa190044cb94e1956f50158.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, обу ҳаво, борону барф, гармӣ, тағйрёбанда
тоҷикистон, обу ҳаво, борону барф, гармӣ, тағйрёбанда
Обуҳавошиносон: Дар баландиҳои зиёда аз се ҳазор метр боришоти борон ва барф дар назар аст
10:30 06.10.2021 (Навсозишуда: 11:08 06.10.2021) Дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Агентии обуҳавошиносӣ Тоҷикистон пешгӯи кардааст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда, аммо бебориш мешавад.
Ба иттилои обуҳавошиносони тоҷик, ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 11 ва рӯзона то 25 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона то 7 дараҷа хунук ва рӯзона то 14 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳамин ҳол дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона то 5 ва рӯзона то 17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон бошад ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаву бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7-12 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Ҳаво шабона 10-12 ва рӯзона 25-27 дараҷа гарм мешавад.