https://sputnik.tj/20211006/khf-bod-barf-boron-hushdor-1042687124.html
КҲФ аз боди шадид ва резиши барфу борон ҳушдор медиҳад
КҲФ аз боди шадид ва резиши барфу борон ҳушдор медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
КҲФ мегӯяд, аз вазъи номусоиди ҳаво бештар ҳосили зироат зиён мебинад. Аз ин рӯ, Кумита аз сокинон даъват намудааст, ки ҳосили пухтаро саривақт ҷамъ кунанд ва полезиҳои хоммондаро бо алаф ва ё селофан пӯшонанд
2021-10-06T19:50+0500
2021-10-06T19:50+0500
2021-10-07T19:17+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
обу ҳаво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102271/76/1022717663_0:123:3207:1927_1920x0_80_0_0_2589621ec10a11690394f19764f18ccf.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба пешбинии ҳавошиносон ҳушдор медиҳад, ки аз 8 то 11 октябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво номусоид мешавад.Ба иттилои ин ниҳод, дар бархе ноҳияҳо суръати шамол то 7-12 метр дар як сония расида, дар водиҳо рехтани борон ва дар кӯҳистони баландиаш беш аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр резиши барфи тар пешбинӣ мешавад.Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, сардиҳои аввал барои ҳосили зироати мардум метавонанд хатар дошта бошад. Аз ин рӯ ин ниҳод аз сокинони ноҳияҳои кӯҳистон ва доманакӯҳҳо даъват намудааст, ки ҳосили пухтаю расидаро сари вақт ҷамъоварӣ кунанд ва ҳосили норасидаро бо алаф ва ё селофан маҳкам кунанд.Илова бар ин аз ронандагон хоста шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон суръат ва фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд, чунки эҳтимоли резиши санг низ дар ин рӯзҳо мавҷуд аст.
https://sputnik.tj/20210929/khf-khokbod-barf-boron-sughd-hushdor-1042567999.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102271/76/1022717663_238:0:2969:2048_1920x0_80_0_0_df4473bd830e3856f6e28863f1b9f8f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф ҳушдор
КҲФ аз боди шадид ва резиши барфу борон ҳушдор медиҳад
19:50 06.10.2021 (Навсозишуда: 19:17 07.10.2021) КҲФ мегӯяд, аз вазъи номусоиди ҳаво бештар ҳосили зироат зиён мебинад. Аз ин рӯ кумита аз сокинон даъват намудааст, ки ҳосили пухтаро сари вақт ҷамъ кунанд ва полезиҳои хомро бо алаф ва ё селофан пӯшонанд
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба пешбинии ҳавошиносон
ҳушдор медиҳад, ки аз 8 то 11 октябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво номусоид мешавад.
Ба иттилои ин ниҳод, дар бархе ноҳияҳо суръати шамол то 7-12 метр дар як сония расида, дар водиҳо рехтани борон ва дар кӯҳистони баландиаш беш аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр резиши барфи тар пешбинӣ мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, сардиҳои аввал барои ҳосили зироати мардум метавонанд хатар дошта бошад. Аз ин рӯ ин ниҳод аз сокинони ноҳияҳои кӯҳистон ва доманакӯҳҳо даъват намудааст, ки ҳосили пухтаю расидаро сари вақт ҷамъоварӣ кунанд ва ҳосили норасидаро бо алаф ва ё селофан маҳкам кунанд.
Илова бар ин аз ронандагон хоста шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон суръат ва фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд, чунки эҳтимоли резиши санг низ дар ин рӯзҳо мавҷуд аст.