Хонаи пур аз мина: ихтирои беназири низомиёни рус - видео

Обуна шудан
Низомиёни рус бори нахуст "Хонаи ҳушманд" -и аз минаҳо сохташударо озмоиш карданд
Ин нахустнамоиш дар доираи машқҳои "Дружба-2021", ки дар қаламрави Краснодар бо иштироки ҳарбиёни Русия ва Покистон баргузор шуд, доир гардид.
Ин биноест, ки дар он тирезаҳо, дарҳои даромадгоҳ, зангӯла, мебел ва дигар ашё минагузорӣ шудаст.
Ҳангоми фаъол шудан гӯиё таркиш бо ёрии зарядҳои хурд ва бехатар барои инсон ба амал меояд ва сирена низ фаъол мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳавзаи ҳарбии ҷанубӣ.
Бо омодагии комили ҷангӣ: низомиёни Русия барои тамринҳо ба марзи Афғонистон расиданд
Полковник Роман Бессмертный, сардори хадамоти муҳандисии Ҳавзаи ҳарбии ҷанубӣ қайд кард, ки "Хонаи ҳушманд" чанде пеш ихтироъ шудааст. Ин бино барои машқҳои қисмҳои махсус пешбинӣ шудааст.
Бо ин роҳ ҳарбиён безараргардонии минаҳоро меомӯзанд ва мефаҳманд, ки минаҳо дар кадом кунҷи хона гузошта мешавад.

"Барои истисно кардани таркиш мо дарс мегузаронем ва вазъиятҳои воқеиро нишон медиҳем",- афзуд Бессмертний.

Ёдовар мешавем, ки тамриноти "Дружба-2021" дар майдони тамринии Молкино то 9 октябр идома хоҳад кард. Ба он тақрибан 200 низомии Русия ва Покистон ҷалб шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0