https://sputnik.tj/20211006/halokati-bobou-naber-moshin-khonavoda-sadama-1042672756.html
Ҳалокати бобою набера: Мошини ҳомили 5 узви як хонавода дучори садама шуд
Ҳалокати бобою набера: Мошини ҳомили 5 узви як хонавода дучори садама шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар як садамаи маргбор, ки дар дар роҳи “Кучкак-Исфара-Гулистон” рух додааст, марди 68-сола ҳамроҳ бо набераи 10-солааш ба ҳалокат расидаст се узви дигари ин хонавода дар бемористон бистарӣ гаштанд
2021-10-06T11:00+0500
2021-10-06T11:00+0500
2021-10-06T11:14+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
садама
"бобо"
набера
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0c/1035435160_0:157:1620:1068_1920x0_80_0_0_e557927bf2c4f91230f0eee5b575916b.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ин садамаи маргбор ахиран дар роҳи мошингарди Кучкак - Исфара - Гулистон рух додааст.Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи 68-солаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Кучкак-Исфара-Гулистон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи “ГАЗ-330210”, бархӯрдааст.ВУД Тоҷикистон бо таассуф хабар додааст, ки дар натиҷаи ин садама ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, марди 68-сола ва набераи хӯрдсолаш, ки соли таваллудаш 2011 будааст, ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.Ҳамзамон гуфта мешавад, мусофирони дигари ин мошин, як зани 58-сола, як ҷавондухтари 27-сола ва писари сесола, ки ҷароҳат бардошанд, низ аъзои ин хонавода ҳастанд.Ҳамчунин, тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи “ГАЗ-330210” низ дар ин садама ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаааст.Қайд карда шудааст, ки дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон таҳқиқи ҳодисаи мазкурро идома медиҳанд.
https://sputnik.tj/20211005/sadama-roh-dushanbe-khujand-chanoq-moshin-jari-sarozer-1042656631.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0c/1035435160_180:0:1620:1080_1920x0_80_0_0_4ad6d900822bedce17aad8a44ade2475.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, садамаи маргбор, бобо, набера, ҳалокат, рӯйдод
тоҷикистон, садамаи маргбор, бобо, набера, ҳалокат, рӯйдод
Ҳалокати бобою набера: Мошини ҳомили 5 узви як хонавода дучори садама шуд
11:00 06.10.2021 (Навсозишуда: 11:14 06.10.2021) Дар як садамаи маргбор, ки дар дар роҳи Кучкак - Исфара - Гулистон рух додааст, марди 68-солае ҳамроҳ бо набераи 10-солааш ба ҳалокат расида, се узви дигари ин хонавода дар бемористон бистарӣ гаштаанд
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ин садамаи маргбор ахиран дар роҳи мошингарди Кучкак - Исфара - Гулистон рух додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи 68-солаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Кучкак-Исфара-Гулистон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи “ГАЗ-330210”, бархӯрдааст.
ВУД Тоҷикистон бо таассуф хабар додааст, ки дар натиҷаи ин садама ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, марди 68-сола ва набераи хӯрдсолаш, ки соли таваллудаш 2011 будааст, ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамзамон гуфта мешавад, мусофирони дигари ин мошин, як зани 58-сола, як ҷавондухтари 27-сола ва писари сесола, ки ҷароҳат бардошанд, низ аъзои ин хонавода ҳастанд.
Ҳамчунин, тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи “ГАЗ-330210” низ дар ин садама ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаааст.
Қайд карда шудааст, ки дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон таҳқиқи ҳодисаи мазкурро идома медиҳанд.