Занги Путин ва Матвиенко дар зодрӯзи Раҳмон: аз шодбошӣ то баррасии вазъи Афғонистон

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин поговорил по телефону
Президент РФ В. Путин поговорил по телефону - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Обуна шудан
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия тавассути занги телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро бо зодрӯзаш шодбош гуфтаанд
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон дар зодрӯзаш таманниёти беҳтаринашро баён дошта, тағйироти бузург дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии ӯро қайд намудаст, иттилоъ дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, ки зимни суҳбат, Путин ва Раҳмон баробари масъалаҳои дигар, таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи амният, аз ҷумла тақвияти моддиву техникии ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо дарназардошти раванди рушди вазъият дар Афғонистонро баррасӣ намудаанд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Ирана Ибрахим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Раисӣ Раҳмонро ба Эрон даъват кард
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамосҳои доимии худро оид ба қазияи Афғонистон идома хоҳанд дод.
Дар баробари сарони давлатҳои хориҷӣ, инчунин раиси Шӯрои Федератсияи Русия тариқи телефон Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш шодбош гуфта, саломатии бардавом ва муваффақиятҳои минбаъда таманно кардааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Валентина Матвиенко барои табрикот сипос гуфта, изҳори боварӣ намудааст, ки маҷмуи муносибатҳои Тоҷикистону Русия минбаъд низ ба нафъи мардумони ду кишвар рушд хоҳанд кард.
Маврид ба зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 октябр 69-умин солгарди мавлудашро таҷлил мекунад.
Лентаи хабарҳо
0