Дидори Юлдуз Усмонова бо мухлиси хосаш ва ваъдааш барои хабаргирӣ - видео

© Фото: yulduz.uzЮлдуз Усманова, архивное фото
Юлдуз Усманова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Обуна шудан
Промадоннаи шоу-бизнеси Ӯзбекистон пас аз консерт бо мухлисонаш суҳбат кард
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Ситораи эстрадаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова консерт баргузор кард ва пасон бо ҳаводоронаш суҳбат намуд.
Миёни ҳаводоронаш як духтарчаи хос буд. Ӯ бо ашки чашм ҳунарманди дӯстдоштаи худро ба оғӯш кашид.
Сӯҳбати ошкорои Юлдуз: фирор аз Ватан, пешхизматӣ ва "хуни тоҷикӣ"-ю духтархондӣ бо Шабнам
Модари духтарча гуфт, ки духтараш Юлдуз Усмоноваро бисёр дӯст медорад ва ҳар рӯз намоз мехонад.
Усмонова дар навбати худ аз зан барои тарбияи фарзандаш изҳори миннатдорӣ кард ва ваъда дод, ки рӯзҳои наздик бо хонаводаи онҳо дар тамос мешавад.

"Фардо ё пасфардо ман, албатта, шуморо хабар мегирам. Рақами шуморо аллакай аз модаратон гирифтам, ман меоям",-ваъда дод ҳунарманд.

Духтарча бо ашки чашмон гуфт, Юлдузро интизор мешавад.
Рақси ҷаззоби Шабнаму Юлдуз дар Варзоб - видео
Лентаи хабарҳо
0