https://sputnik.tj/20211005/rahmon-millat-zabon-tojik-1042649384.html
Раҳмон ба миллат: Ба забони тоҷикӣ арҷ гузореду донандаи хуби дигар забонҳо низ бошед
Раҳмон ба миллат: Ба забони тоҷикӣ арҷ гузореду донандаи хуби дигар забонҳо низ бошед
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро бо Рӯзи забони давлатӣ, ки 13 сол аст, панҷуми октябр ҷашн гирифта мешавад, табрик гуфт 05.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-05T09:44+0500
2021-10-05T09:44+0500
2021-10-05T11:34+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
забони тоҷикӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0f/1040222729_0:782:2047:1933_1920x0_80_0_0_be14d273c5bc30e04870b4157f073064.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сокинони ҷумҳуриро бо Рӯзи забони тоҷикӣ табрик гуфт ва даъват кард, ки ба он эҳтиёткорона муносибат кунанд, гузориш медиҳад дафтари матбуотии сарвари давлат. Президент гуфт, ки ин ҷашн рамзи эҳтиром ва посдории забони модарист. Раҳмон афзуд, забон моли миллат аст ва ҳамчун ҷисми зинда ба нигоҳубин ниёз дорад.Дар баробари ин раисҷумҳур қайд кард, ки донистани якчанд забон, ки аз анъанаҳои деринаи гузаштагони бузургамон маншаъ мегирад, имрӯз ҳама қишрҳои ҷомеа, махсусан, насли наврасу ҷавонро водор месозад, ки дар баробари аъло донистани забони давлатии худ, яъне тоҷикӣ донандаи хуби дигар забонҳо низ бошанд.Президент ҳамчунин даъват кард, ки барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ кӯшиш намоем, забондонии хешро пайваста сайқал диҳем ва онро чун гавҳараки чашм пос дорем."Мо бояд дар ёд дошта бошем, ки сарчашма ва пойдевори худогоҳиву худшиносӣ забони модарӣ аст ва маҳз забони миллӣ тафаккури миллиро ташаккул медиҳад. Яъне забони модарӣ барои мо-тоҷикон асоси ҳувияту худшиносии миллиамон мебошад",-изҳор доштааст президент.Ёдовар мешавем, ки дувумин Қонун "Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон" 5 октябри соли 2009 қабул шуда, соли 2020 бо қарори ҳукумат "Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030" тасдиқ шуд.
https://sputnik.tj/20210723/muhtaram-raisa-muallima-nodurustand-qoidahoi-imlo-1041121249.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0f/1040222729_0:703:2047:2238_1920x0_80_0_0_1f2141c71ba75d0feb76e87055b29fa5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, забони тоҷикӣ
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, забони тоҷикӣ
Раҳмон ба миллат: Ба забони тоҷикӣ арҷ гузореду донандаи хуби дигар забонҳо низ бошед
09:44 05.10.2021 (Навсозишуда: 11:34 05.10.2021) Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро бо Рӯзи забони давлатӣ, ки 13 сол аст, панҷуми октябр ҷашн гирифта мешавад, табрик гуфт
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сокинони ҷумҳуриро бо Рӯзи забони тоҷикӣ табрик гуфт ва даъват кард, ки ба он эҳтиёткорона муносибат кунанд, гузориш медиҳад дафтари матбуотии сарвари давлат.
Президент гуфт, ки ин ҷашн рамзи эҳтиром ва посдории забони модарист.
Раҳмон афзуд, забон моли миллат аст ва ҳамчун ҷисми зинда ба нигоҳубин ниёз дорад.
"Мо забони модарии худро дӯст медорем, ба он эҳтирому арҷи бепоён мегузорем, зеро забон ганҷи бебаҳои мероси фарҳангӣ ва аз ҷумлаи олитарин муқаддасоти миллии мо ба шумор меравад",-таъкид кардааст президент.
Дар баробари ин раисҷумҳур қайд кард, ки донистани якчанд забон, ки аз анъанаҳои деринаи гузаштагони бузургамон маншаъ мегирад, имрӯз ҳама қишрҳои ҷомеа, махсусан, насли наврасу ҷавонро водор месозад, ки дар баробари аъло донистани забони давлатии худ, яъне тоҷикӣ донандаи хуби дигар забонҳо низ бошанд.
Президент ҳамчунин даъват кард, ки барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ кӯшиш намоем, забондонии хешро пайваста сайқал диҳем ва онро чун гавҳараки чашм пос дорем.
"Мо бояд дар ёд дошта бошем, ки сарчашма ва пойдевори худогоҳиву худшиносӣ забони модарӣ аст ва маҳз забони миллӣ тафаккури миллиро ташаккул медиҳад. Яъне забони модарӣ барои мо-тоҷикон асоси ҳувияту худшиносии миллиамон мебошад",-изҳор доштааст президент.
Ёдовар мешавем, ки дувумин Қонун "Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон" 5 октябри соли 2009 қабул шуда, соли 2020 бо қарори ҳукумат "Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030" тасдиқ шуд.