https://sputnik.tj/20211005/qodirov-zimni-adoi-savgand-padarashro-yod-kardu-ashk-rekht-1042665706.html
Қодиров зимни адои савганд падарашро ёд карду ашк рехт
Қодиров зимни адои савганд падарашро ёд карду ашк рехт
Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Қодиров зимни маросими савгандёдкунӣ, суханони падари марҳумашро ба ёд овард ва ашк рехт
2021-10-05T18:50+0500
2021-10-05T18:50+0500
2021-10-05T20:09+0500
сиёсат
чеченистон
рамазон қодиров
маросими савгандёдкунӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032541945_0:122:2401:1473_1920x0_80_0_0_5bb1ac441f02f022d3f86cd9e6dba683.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Рамазон Қодиров, ки рӯзи сешанбе ба ҳайси раҳбари тозаинтихоби Чеченистон ба кор шуруъ кард, зимни суханронӣ ашк рехт.Ӯ расман дар рӯзи зодрӯзаш ба кор шуруъ кард ва бо забони русиву чеченӣ савганд ёд кард.Зимни суханронӣ Рамазон Қодиров аз Аҳмад Қодиров, падари худ, ки нахустин президенти Чеченистон буд, ёд кард ва гиря гулӯгираш кард.Навори суханронии Қодиров ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам роҳ ёфтааст. Аз навор маълум аст, ки пас аз ин суханон наздикони роҳбари тозаинтихоби Чеченистон бо чашмони пур аз ашк кафкӯбӣ мекарданд.Дар идома Қодиров илова намуд, "ҳақиқате, ки Ҳоҷӣ Аҳмад аз он гуфта буд, пирӯз шуд".Роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров бар асоси натоиҷи интихоботи президентии аз 17 то 19 сентябр баргузоршуда, рекорди ҷаҳонӣ гузошт. Ба ҷонибдорӣ аз ӯ 99,7 фисади интихобкунандагон овоз доданд.
чеченистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032541945_138:0:2263:1594_1920x0_80_0_0_944d9f9ac4ac5b4106c8e5e9386c81f8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рамазон қодиров чеченистон
рамазон қодиров чеченистон
Қодиров зимни адои савганд падарашро ёд карду ашк рехт
18:50 05.10.2021 (Навсозишуда: 20:09 05.10.2021) Рамазон Қодиров зимни маросими савгандёдкунӣ суханони падари марҳумашро ба ёд овард ва ашк рехт
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Рамазон Қодиров, ки рӯзи сешанбе ба ҳайси раҳбари тозаинтихоби Чеченистон ба кор шуруъ кард, зимни суханронӣ ашк рехт.
Ӯ расман дар рӯзи зодрӯзаш ба кор шуруъ кард ва бо забони русиву чеченӣ савганд ёд кард.
Зимни суханронӣ Рамазон Қодиров аз Аҳмад Қодиров, падари худ, ки нахустин президенти Чеченистон буд, ёд кард ва гиря гулӯгираш кард.
"Ба такрор мегӯям, ки эътимоди мардуми чечен ва раисҷумҳур Владимир Путинро собит мекунам. Ман ҳама кори аз дастам меомадаро сомон медиҳам, то мардумро бо зиндагии осоишта, солим ва зебо таъмин кунам. Такрор кардани суханони падарамро дӯст медорам, ки гуфта буданд, "ҳақиқат пирӯз мешавад",-бо овози гиряолуд изҳор дошт Қодиров.
Навори суханронии Қодиров ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам роҳ ёфтааст. Аз навор маълум аст, ки пас аз ин суханон наздикони роҳбари тозаинтихоби Чеченистон бо чашмони пур аз ашк кафкӯбӣ мекарданд.
Дар идома Қодиров илова намуд, "ҳақиқате, ки Ҳоҷӣ Аҳмад аз он гуфта буд, пирӯз шуд".
Роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров бар асоси натоиҷи интихоботи президентии аз 17 то 19 сентябр баргузоршуда, рекорди ҷаҳонӣ гузошт. Ба ҷонибдорӣ аз ӯ 99,7 фисади интихобкунандагон овоз доданд.