https://sputnik.tj/20211005/prezident-kulob-ziyorat-hamadoni-1042651174.html
Президент дар Кӯлоб ба зиёрати оромгоҳи Ҳамадонӣ рафту барои бақои миллат дуо кард
Президент дар Кӯлоб ба зиёрати оромгоҳи Ҳамадонӣ рафту барои бақои миллат дуо кард
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон дуо кард
2021-10-05T11:08+0500
2021-10-05T11:08+0500
2021-10-05T15:43+0500
эмомалӣ раҳмон
кӯлоб
ҳамадонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/05/1042661187_0:46:3077:1777_1920x0_80_0_0_9d43a9d14a9cb6d6f72cbd298f593128.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, ба зиёрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рафт, хабар медиҳад дафтари матбуотии раёсатҷумҳур.Пеш аз ҳама Эмомалӣ Раҳмон аз зиёратгоҳи маҳаллӣ, оромгоҳи олим ва файласуфи бузурги тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидан кард. Гуфта мешавад, президент дар ин макон барои бақои давлату миллат, осудагии мардуми кишвар, ободии Ватан ва пойдории сулҳу суботи сарзамин дуову фотеҳаи нек намуд.Ёдовар мешавем, ки мақбараи мутафаккири бузурги асри XIV зиёратгоҳ на танҳо барои сокинони кишвар, балки барои меҳмонони сершумор аз кишварҳои гуногун мебошад.Пас аз дуову фотеҳа сарвари давлат ба кормандони осорхонаи шаҳри Кӯлоб дастур дод, ки барои дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани меҳмонони хориҷӣ ва сайёҳоне, ки аз оромгоҳ зиёрат мекунанд, чораҳои зарурӣ андешанд. Гуфта мешавад, мақбараи ин шахсияти шинохтаи олами илму маърифат, ки шуҳраи ҷаҳон мебошад, чанд сол пеш таъмиру таҷдид шуда, ба макони зиёрат ва тамошои сокинону меҳмонони хориҷӣ табдил ёфтааст.Худи бинои мақбара як бинои анъанавии асримиёнагии муталлиқ ба охири асри 14 ба тарзи хос бунёду таъмир ва наққошӣ шудааст.Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар соли 1314 дар минтақаи Кӯлоб аз дунё гузаштааст. Соли таваллуди ӯ дақиқ нест. Бинобар назари муҳақиқон, Алии Ҳамадонӣ дар Ҳамадони Эрон таваллуд ва баъд аз таҳсили илм ба минтақаи Кӯлоби Тоҷикистони имрӯза сафар кардаву инҷо дафн шудааст.Ҳамадонӣ асосан бо асарҳои насрии худ, аз қабили "Макорим-ул-ахлоқ", "Захират-ул-мулук", "Вуҷудия", "Кашф-ул-ҳақоиқ" ва амсоли инҳо дар инкишофи тасаввуф саҳми босазо гузоштааст. Аз Ҳамадонӣ ғазал, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ низ мерос мондааст.
https://sputnik.tj/20210908/rahmon-muttahid-murojiat-javonon-vatan-millat-1042125099.html
кӯлоб
ҳамадонӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/05/1042661187_346:0:3077:2048_1920x0_80_0_0_18792fa32e8dc9e388e98fa5d0ea7f74.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент кӯлоб зиёрат оромгоҳ ҳамадонӣ
президент кӯлоб зиёрат оромгоҳ ҳамадонӣ
Президент дар Кӯлоб ба зиёрати оромгоҳи Ҳамадонӣ рафту барои бақои миллат дуо кард
11:08 05.10.2021 (Навсозишуда: 15:43 05.10.2021) Эмомалӣ Раҳмон дар оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон дуо кард
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, ба зиёрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ рафт, хабар медиҳад дафтари матбуотии раёсатҷумҳур.
Пеш аз ҳама Эмомалӣ Раҳмон аз зиёратгоҳи маҳаллӣ, оромгоҳи олим ва файласуфи бузурги тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидан кард.
Гуфта мешавад, президент дар ин макон барои бақои давлату миллат, осудагии мардуми кишвар, ободии Ватан ва пойдории сулҳу суботи сарзамин дуову фотеҳаи нек намуд.
Ёдовар мешавем, ки мақбараи мутафаккири бузурги асри XIV зиёратгоҳ на танҳо барои сокинони кишвар, балки барои меҳмонони сершумор аз кишварҳои гуногун мебошад.
Пас аз дуову фотеҳа сарвари давлат ба кормандони осорхонаи шаҳри Кӯлоб дастур дод, ки барои дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани меҳмонони хориҷӣ ва сайёҳоне, ки аз оромгоҳ зиёрат мекунанд, чораҳои зарурӣ андешанд.
Гуфта мешавад, мақбараи ин шахсияти шинохтаи олами илму маърифат, ки шуҳраи ҷаҳон мебошад, чанд сол пеш таъмиру таҷдид шуда, ба макони зиёрат ва тамошои сокинону меҳмонони хориҷӣ табдил ёфтааст.
Худи бинои мақбара як бинои анъанавии асримиёнагии муталлиқ ба охири асри 14 ба тарзи хос бунёду таъмир ва наққошӣ шудааст.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар соли 1314 дар минтақаи Кӯлоб аз дунё гузаштааст. Соли таваллуди ӯ дақиқ нест. Бинобар назари муҳақиқон, Алии Ҳамадонӣ дар Ҳамадони Эрон таваллуд ва баъд аз таҳсили илм ба минтақаи Кӯлоби Тоҷикистони имрӯза сафар кардаву инҷо дафн шудааст.
Ҳамадонӣ асосан бо асарҳои насрии худ, аз қабили "Макорим-ул-ахлоқ", "Захират-ул-мулук", "Вуҷудия", "Кашф-ул-ҳақоиқ" ва амсоли инҳо дар инкишофи тасаввуф саҳми босазо гузоштааст. Аз Ҳамадонӣ ғазал, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ низ мерос мондааст.