https://sputnik.tj/20211005/erdughon-kushish-putin-pora-1042662421.html
Расонаҳои туркӣ: Эрдуғон кӯшиш кард, ба Путин "пора" диҳад
Расонаҳои туркӣ: Эрдуғон кӯшиш кард, ба Путин "пора" диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзномаи туркии Cumhuriyet дар пешниҳоди Эрдуғон ба Путин фикри пинҳоне хондааст
2021-10-05T16:24+0500
2021-10-05T16:24+0500
2021-10-05T19:48+0500
туркия
раҷаб тайиб эрдуғон
владимир путин
пора
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/05/1042656821_0:200:2933:1849_1920x0_80_0_0_459ff12c7d32c0ece8654ce3443336f0.jpg
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон кӯшиш кард, ба кишвардори Русия "пораи сиёсӣ" диҳад."Cumhuriyet" "пора" гуфта, пешниҳоди президенти Туркия дар бораи сохтмони нерӯгоҳҳоро дар назар дорад."Cumhuriyet" афзуда, ки чунин рафти кор мавқеи Русияро нисбати кишварҳое, ки метавонистанд дар Туркия нерӯгоҳ бисозанд, дар навбати аввал нисбати Чин пурзӯр мекунад, Ба андешаи муаллифи матлаб, чанде пеш аз вохӯрии ахир дар Сочи Путин Эрдуғонро бовар кунонд, ки ИМА бояд Сурияро тарк кунад. Дар баробари ин бояд дар хотир дошт, ки президенти Туркия бар мустақар будани низомиёнаш дар Сурия манфиатдор аст."Cumhuriyet" таъкид мекунад, ки бо ин роҳ Русия ва Туркия дар ҷустуҷӯи нуқтаҳои муштараки тамос ҳастанд.Ёдовар мешавем, ки мулоқоти Путин ва Эрдуғон рӯзи 29 сентябр дар Сочи баргузор шуда буд. Сарони давлатҳо иштироки эҳтимолии Русия дар сохтмони ду нерӯгоҳи атомии Туркияро баррасӣ карданд. "Ман аз Путин пурсидам, ки оё мо метавонем ду нерӯгоҳи боқимондаро якҷоя созем? Ӯ ҷавоб дод: "Биёед сари ин масъала кор кунем", - гуфт Эрдуғон. Дар ҳоли ҳозир Русия ба Туркия барои сохтани нахустин нерӯгоҳи атомии ин кишвар "Аккую" кумак мекунад.
https://sputnik.tj/20210930/charo-putin-erdughon-hamdigar-lozimand--1042587250.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/05/1042656821_100:0:2831:2048_1920x0_80_0_0_6eab8d096c1a8ceb3943e2a41cc08f89.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, эрдуғон, пора, кӯшиш, сиёсат
путин, эрдуғон, пора, кӯшиш, сиёсат
Расонаҳои туркӣ: Эрдуғон кӯшиш кард, ба Путин "пора" диҳад
16:24 05.10.2021 (Навсозишуда: 19:48 05.10.2021) Рӯзномаи туркии "Cumhuriyet" дар пешниҳоди Эрдуғон ба Путин фикри пинҳоне дидааст
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон кӯшиш кард, ба кишвардори Русия "пораи сиёсӣ" диҳад.
"
Cumhuriyet" "пора" гуфта, пешниҳоди президенти Туркия дар бораи сохтмони нерӯгоҳҳоро дар назар дорад.
"Эрдуғон кӯшиш кард, ин пешниҳодашро чун "корти бурд" (козырная карта), нишон диҳад, вале дар асл ин "пораи сиёсӣ" аст",-қайд мекунад нашрия.
"Cumhuriyet" афзуда, ки чунин рафти кор мавқеи Русияро нисбати кишварҳое, ки метавонистанд дар Туркия нерӯгоҳ бисозанд, дар навбати аввал нисбати Чин пурзӯр мекунад,
Ба андешаи муаллифи матлаб, чанде пеш аз вохӯрии ахир дар Сочи Путин Эрдуғонро бовар кунонд, ки ИМА бояд Сурияро тарк кунад. Дар баробари ин бояд дар хотир дошт, ки президенти Туркия бар мустақар будани низомиёнаш дар Сурия манфиатдор аст.
"Cumhuriyet" таъкид мекунад, ки бо ин роҳ Русия ва Туркия дар ҷустуҷӯи нуқтаҳои муштараки тамос ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки мулоқоти Путин ва Эрдуғон рӯзи 29 сентябр дар Сочи баргузор шуда буд.
Сарони давлатҳо иштироки эҳтимолии Русия дар сохтмони ду нерӯгоҳи атомии Туркияро баррасӣ карданд.
"Ман аз Путин пурсидам, ки оё мо метавонем ду нерӯгоҳи боқимондаро якҷоя созем? Ӯ ҷавоб дод: "Биёед сари ин масъала кор кунем", - гуфт Эрдуғон.
Дар ҳоли ҳозир Русия ба Туркия барои сохтани нахустин нерӯгоҳи атомии ин кишвар "Аккую" кумак мекунад.