https://sputnik.tj/20211004/vokunishi-andarobi-ghani-muhib-pokiston-haqqoni-taslim-1042635292.html
Вокуниши Андаробӣ ба гузориши Ғанӣ: Низомро Муҳибу Покистон ба Ҳаққонӣ таслим карданд
Вокуниши Андаробӣ ба гузориши Ғанӣ: Низомро Муҳибу Покистон ба Ҳаққонӣ таслим карданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири пешини умури дохилаи Афғонистон дар вокуниш ба гузориш гурези раисҷумҳури пешини ин кишвар навишта аст, ки низомро мушовири амнияти миллии пешин ва Покистон ба гурӯҳи Ҳаққонӣ таслим кард
2021-10-04T15:30+0500
2021-10-04T15:30+0500
2021-10-04T16:19+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
ашраф ғанӣ
осиёи марказӣ
фирор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041746680_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_5871d2e131040aa1f3cc5e9ab3d0b5db.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Масъуди Андаробӣ, вазири умури дохилии собиқи Афғонистон дар баргаи рухномааш дар вокуниш бар гузориши Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини ин кишвар навишт: "Гузориши оқои Санҷар Суҳайл аз фирори Ғаниро хондам. Як мавзуъ, ки дар ин ёддошт шояд умдатан баҳс нашуда ва ё манбаъ мумкин ба он дастрасӣ надоштааст, тамосҳои мудовими Ҳамдуллоҳ Муҳиб бо Халил Ҳаққонӣ аст".Дар ин бора хабаргузории Sputnik Афғонистон хабар додааст.Вай афзуд, дар ҳамон рӯзе, ки оқои Салом Раҳимӣ ва Матин Бек бо Қатар дар тамос буданд ва ба мувофиқа расиданд, ки “Толибон”* вориди Кобул нахоҳанд шуд, Раҳимӣ аз “Толибон”* дархост кард, ки баёнот пахш кунанд ва “Толибон”* дарҳол изҳорот аз Қатар интишор карданд. Ӯ гуфт: "Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллӣ бо Халил Ҳаққонӣ чанд маротиба тамос гирифт ва ҳатто як бор барои мулоқот бо Халил Ҳаққонӣ. Дидору мулоқот дар яке аз минтақаҳо дар наздикии Кобул ба нақша гирифта шуда буд, аммо баъдтар Ҳамдаллоҳ Муҳиб тарҷеҳ додааст, ки аз тариқи телефон ба ҳамоҳангҳо идома диҳанд".Дар поён вазири пешини умури дохилаи Афғонистон навиштааст, ки мутмаин ҳастем, ки ин бахш аз он фирор ва чигунагии таслими нангини низом ба гурӯҳи Ҳаққонӣ бо ҳамдасти ва васотати Муҳиб ва Покистон баъдтар низ ифшо мешавад.Бояд гуфт, дирӯз рӯзномаи "Ҳашти субҳ" дар бораи фирори президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо чаҳор чархбол ба Ӯзбекистон навишта буд.
https://sputnik.tj/20211004/kobul-zadukhurd-tolibon-jangiyon-doish-1042629777.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/13/1041746680_86:0:2817:2048_1920x0_80_0_0_6f31987447e946cede01d5e488c5a319.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, андаробӣ, низом, фурухтан, ҳаққонӣ, вокуниш
афғонистон, андаробӣ, низом, фурухтан, ҳаққонӣ, вокуниш
Вокуниши Андаробӣ ба гузориши Ғанӣ: Низомро Муҳибу Покистон ба Ҳаққонӣ таслим карданд
15:30 04.10.2021 (Навсозишуда: 16:19 04.10.2021) Вазири пешини умури дохилаи Афғонистон дар вокуниш ба гузориши гурези раисҷумҳури пешини ин кишвар навиштааст, ки низомро мушовири амнияти миллии пешин ва Покистон ба гурӯҳи Ҳаққонӣ таслим карданд
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Масъуди Андаробӣ, вазири умури дохилии собиқи Афғонистон дар баргаи рухномааш дар вокуниш бар гузориши Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини ин кишвар навишт: "Гузориши оқои Санҷар Суҳайл аз фирори Ғаниро хондам. Як мавзуъ, ки дар ин ёддошт шояд умдатан баҳс нашуда ва ё манбаъ мумкин ба он дастрасӣ надоштааст, тамосҳои мудовими Ҳамдуллоҳ Муҳиб бо Халил Ҳаққонӣ аст".
Дар ин бора хабаргузории Sputnik Афғонистон хабар додааст.
Вай афзуд, дар ҳамон рӯзе, ки оқои Салом Раҳимӣ ва Матин Бек бо Қатар дар тамос буданд ва ба мувофиқа расиданд, ки “Толибон”* вориди Кобул нахоҳанд шуд, Раҳимӣ аз “Толибон”* дархост кард, ки баёнот пахш кунанд ва “Толибон”* дарҳол изҳорот аз Қатар интишор карданд. Ӯ гуфт: "Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллӣ бо Халил Ҳаққонӣ чанд маротиба тамос гирифт ва ҳатто як бор барои мулоқот бо Халил Ҳаққонӣ. Дидору мулоқот дар яке аз минтақаҳо дар наздикии Кобул ба нақша гирифта шуда буд, аммо баъдтар Ҳамдаллоҳ Муҳиб тарҷеҳ додааст, ки аз тариқи телефон ба ҳамоҳангҳо идома диҳанд".
Дар поён вазири пешини умури дохилаи Афғонистон навиштааст, ки мутмаин ҳастем, ки ин бахш аз он фирор ва чигунагии таслими нангини низом ба гурӯҳи Ҳаққонӣ бо ҳамдасти ва васотати Муҳиб ва Покистон баъдтар низ ифшо мешавад.
Бояд гуфт, дирӯз рӯзномаи "Ҳашти субҳ" дар бораи фирори президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо чаҳор чархбол ба Ӯзбекистон навишта буд.