https://sputnik.tj/20211004/ustondori-khurosoni-razavi-kobul-raft-1042646260.html
Чаро устондори Хуросони Разавӣ ба Кобул рафт?
Чаро устондори Хуросони Разавӣ ба Кобул рафт?
Sputnik Тоҷикистон
Устондори Хуросони Разавӣ бо ҳадафи баррасӣ ва бартараф кардани монеаҳои рушди тиҷорату транзити миёни Хуросони Разавӣ ва Афғонистон ба Кобул сафар кард
2021-10-04T21:00+0500
2021-10-04T21:00+0500
2021-10-04T21:00+0500
афғонистон
толибон
эрон
хуросон
осиёи марказӣ
кӯмак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/14/1031764978_0:154:3073:1882_1920x0_80_0_0_958aac068ca3bd5321efaa41a43869ad.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Устондори Хуросони Разавӣ бо ҳадафи баррасӣ ва ҳалли мушкилоту монеаҳои тиҷорату транзити миёни Хуросони Разавӣ ва Афғонистон ба Кобул сафар кард, иттилоъ додааст “Садо ва симо”-и Эрон.Муҳаммадсодиқи Муътамидиён, устондори Хуросони Разавӣ дар оғози сафараш ба Кобул гуфт, бо тавваҷуҳ ба муштаракоти фаровони байни ду миллати Эрону Афғонистон зарурат эҳсос шуд, ки ба Кобул сафар кунад ва аз наздик вазъияти тиҷорату транзити Афғонистон бо Эрон, бавижа Хуросони Разавиро баррасӣ кунад.“Бо тавваҷуҳ ба шароити хоси мардуми Афғонистон дар ин сафар вазъияти мардуми ин кишвар, бавижа муҳимтарин ниёзҳои онҳо ба кумакҳои башардӯстонаро низ баррасӣ хоҳем кард, то бар асоси он иқдомоти лозим сурат бигирад”,-гуфт ӯ.Устондори Хуросони Разавӣ гуфт, бо тавваҷуҳ ба шароити коронаӣ дар Афғонистон қарор аст, як маҳмулаи эҳдоии Эрон, шомили ниқоб, оксиген ва таҷҳизоти мавриди ниёз барои мубориза бо корона дар ихтиёри мардуми Афғонистон қарор гирад.Мавлавӣ Абдуқайюми Рӯҳонӣ, устондори “Толибон” (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) дар Ҳирот низ ахиран гуфт, ки “вуҷуди бархе мушкилот дар марзҳои муштараки Эрону Афғонистон як масъалаи табиӣ аст, аммо мо аз мушкилоти мавҷуд огоҳ ҳастем ва посгоҳҳоеро низ барои беҳбуди вазъияти амнияти марзӣ фаъол кардаем ва умедворем, амният дар марзҳоямон бо Эрон ҳарчи беҳтар таъмин шавад”.
https://sputnik.tj/20211004/jalasai-favri-mavridi-afoniston-maskav-1042644731.html
афғонистон
эрон
хуросон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/14/1031764978_74:0:2805:2048_1920x0_80_0_0_642a60207b97ce2209ce8feb1a80569e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, афғонистон, хуросони разавӣ, сафари устондор, кобул, кумак
эрон, афғонистон, хуросони разавӣ, сафари устондор, кобул, кумак
Чаро устондори Хуросони Разавӣ ба Кобул рафт?
Устондори Хуросони Разавӣ бо ҳадафи баррасӣ ва бартараф кардани монеаҳои рушди тиҷорату транзити миёни Хуросони Разавӣ ва Афғонистон ба Кобул сафар кард
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Устондори Хуросони Разавӣ бо ҳадафи баррасӣ ва ҳалли мушкилоту монеаҳои тиҷорату транзити миёни Хуросони Разавӣ ва Афғонистон ба Кобул сафар кард, иттилоъ додааст “Садо ва симо”-и Эрон.
Муҳаммадсодиқи Муътамидиён, устондори Хуросони Разавӣ дар оғози сафараш ба Кобул гуфт, бо тавваҷуҳ ба муштаракоти фаровони байни ду миллати Эрону Афғонистон зарурат эҳсос шуд, ки ба Кобул сафар кунад ва аз наздик вазъияти тиҷорату транзити Афғонистон бо Эрон, бавижа Хуросони Разавиро баррасӣ кунад.
“Бо тавваҷуҳ ба шароити хоси мардуми Афғонистон дар ин сафар вазъияти мардуми ин кишвар, бавижа муҳимтарин ниёзҳои онҳо ба кумакҳои башардӯстонаро низ баррасӣ хоҳем кард, то бар асоси он иқдомоти лозим сурат бигирад”,-гуфт ӯ.
Устондори Хуросони Разавӣ гуфт, бо тавваҷуҳ ба шароити коронаӣ дар Афғонистон қарор аст, як маҳмулаи эҳдоии Эрон, шомили ниқоб, оксиген ва таҷҳизоти мавриди ниёз барои мубориза бо корона дар ихтиёри мардуми Афғонистон қарор гирад.
Мавлавӣ Абдуқайюми Рӯҳонӣ, устондори “Толибон” (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) дар Ҳирот низ ахиран гуфт, ки “вуҷуди бархе мушкилот дар марзҳои муштараки Эрону Афғонистон як масъалаи табиӣ аст, аммо мо аз мушкилоти мавҷуд огоҳ ҳастем ва посгоҳҳоеро низ барои беҳбуди вазъияти амнияти марзӣ фаъол кардаем ва умедворем, амният дар марзҳоямон бо Эрон ҳарчи беҳтар таъмин шавад”.