https://sputnik.tj/20211004/kodeksi-jinoii-tojikiston-moddai-nav-vorid-shud-1042641965.html
Ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон моддаи нав ворид шуд
Ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон моддаи нав ворид шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон баргузор шуд, ки дар он ислоҳот ба Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ оид ба таълими динӣ баррасӣ шуд
2021-10-04T18:35+0500
2021-10-04T18:35+0500
2021-10-04T19:54+0500
дар тоҷикистон
қонун
парлумон
моддаи нав
кодекси ҷиноӣ
илова
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102350/40/1023504030_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_c30bb0eef85746c849664495d571acad.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ, зимни баррасии ин масъала вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода иброз намуд, ки лоиҳаи Қонун “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст.Тибқи лоиҳа ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, моддаи 3341 илова карда мешавад.“Минбаъд барои ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет, агар ин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад ва давоми сол, пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда мешавад”,-афзуд Муҳаммадато Султонов.Манбаъ мегӯяд, Лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон" ба Конститутсияи Тоҷикистон ва Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” мухолифат надорад ва аз буҷаи давлатӣ маблағи иловагӣ талаб намекунад.
https://sputnik.tj/20210830/vakilon-qonun-afv-barrasi-1041961449.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102350/40/1023504030_150:0:1050:675_1920x0_80_0_0_360676aba39f019810b3dfbd0e4b38e6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кодекси ҷиноӣ, моддаи нав, таълими динӣ
тоҷикистон, кодекси ҷиноӣ, моддаи нав, таълими динӣ
Ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон моддаи нав ворид шуд
18:35 04.10.2021 (Навсозишуда: 19:54 04.10.2021) Дар Душанбе ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон баргузор шуд, ки дар он ислоҳот ба Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ дар бораи таълими динӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни баррасии ин масъала вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода иброз намуд, ки лоиҳаи Қонун “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Тибқи лоиҳа ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, моддаи 3341 илова карда мешавад.
“Минбаъд барои ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет, агар ин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад ва давоми сол, пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда мешавад”,-афзуд Муҳаммадато Султонов.
Манбаъ мегӯяд, Лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон" ба Конститутсияи Тоҷикистон ва Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” мухолифат надорад ва аз буҷаи давлатӣ маблағи иловагӣ талаб намекунад.