https://sputnik.tj/20211004/bozdosht-komilzoda-ojonsi--1042630608.html
Боздошти мудири Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот аз сӯйи Оҷонсии зидди фасод
Боздошти мудири Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот аз сӯйи Оҷонсии зидди фасод
Sputnik Тоҷикистон
Як мақомдори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо иттиҳоми тасарруфи маблағ боздошт шудааст 04.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-04T12:14+0500
2021-10-04T12:14+0500
2021-10-04T13:24+0500
вазорати фарҳанг
фасод
боздошт
ожонси зидди фасод
муттаҳам
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/04/1042630570_0:54:758:480_1920x0_80_0_0_1a0e1538b6c47d84de42ec83e19a8333.jpg
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон Комилзода Шариф, мудири Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоотии Вазорати фарҳангро боздошт кардааст.Ба иттилои манбаъ, ӯ замони кор дар ин муассиса ҳамроҳи сармуҳосиб Бобоҷонов Маҳмад Уктамович бо сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ 370 760,82 сомониро тасарруф намудаанд.Ба иттилои манбаъ, Комилзода ва Бобоҷонов ин маблағро давоми солҳои 2019-2020 аз худ карда, барои эҳтиёҷоти шахсӣ сарф намуданд.Гуфта мешавад, алайҳи мудири ҳамакнун собиқи Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва дигарон бо моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” ва 323-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтиши пешакӣ оғоз шудааст.Шариф Комилзода 63 сол дошта, хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон мебошад. Ӯ дар гузашта сардори шуъбаи равобити байналмилалии Кумитаи андоз, раиси Китобхонаи давлатии бачагона, сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ низ буд.Аз моҳи октябри соли 2011 то соли 2015 бо амри президент муовини раҳбари Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва аз соли 2015 то боздошташ ба ҳайси мудири Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг кор кардааст.Дар сурати таъйиди иттиҳом Комилзода ва Бобоҷоновро 15 соли зиндон бо маҳрумият аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян то панҷ сол интизор аст.
https://sputnik.tj/20210819/bozdosht-mudir-poragiri-1041751694.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/04/1042630570_0:0:758:570_1920x0_80_0_0_c9feec186dc315db2902188a0661c2a3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорати фарҳанг, фасод, боздошт, ожонси зидди фасод, муттаҳам
вазорати фарҳанг, фасод, боздошт, ожонси зидди фасод, муттаҳам
Боздошти мудири Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот аз сӯйи Оҷонсии зидди фасод
12:14 04.10.2021 (Навсозишуда: 13:24 04.10.2021) Як мақомдори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо иттиҳоми тасарруфи маблағ боздошт шудааст
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон Комилзода Шариф, мудири Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоотии Вазорати фарҳангро боздошт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, ӯ замони кор дар ин муассиса ҳамроҳи сармуҳосиб Бобоҷонов Маҳмад Уктамович бо сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ 370 760,82 сомониро тасарруф намудаанд.
Ба иттилои манбаъ, Комилзода ва Бобоҷонов ин маблағро давоми солҳои 2019-2020 аз худ карда, барои эҳтиёҷоти шахсӣ сарф намуданд.
Гуфта мешавад, алайҳи мудири ҳамакнун собиқи Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва дигарон бо моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” ва 323-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтиши пешакӣ оғоз шудааст.
Шариф Комилзода 63 сол дошта, хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон мебошад.
Ӯ дар гузашта сардори шуъбаи равобити байналмилалии Кумитаи андоз, раиси Китобхонаи давлатии бачагона, сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ низ буд.
Аз моҳи октябри соли 2011 то соли 2015 бо амри президент муовини раҳбари Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва аз соли 2015 то боздошташ ба ҳайси мудири Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг кор кардааст.
Дар сурати таъйиди иттиҳом Комилзода ва Бобоҷоновро 15 соли зиндон бо маҳрумият аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян то панҷ сол интизор аст.