Ғанӣ Андаробӣ: Таҳти фармондеҳии Аҳмад Масъуд дар муқобили "Толибон"* устувор истодаем

© AFP 2023 / AHMAD SAHEL ARMANАфганское движение сопротивления и силы восстания против талибов отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба провинции Панджшер
Афганское движение сопротивления и силы восстания против талибов отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2021
Обуна шудан
Як фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, "Толибон"* як гурӯҳи ситамгар аст ва аъзои он ба ҳеҷ кас, аз ҷумла кӯдакон, занон ва пиронсолон раҳм намекунанд.
ДУШАНБЕ, 4 окт – Sputnik. Ғанӣ Андаробӣ, фармондеҳи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Андароб гуфтааст, ки ӯ дар доманаҳои кӯҳҳои Андароб буда, бо нерӯҳояш таҳти фармондеҳии Аҳмад Масъуд бар зидди "Толибон"* меҷангид, навиштааст Sputnik Афғонистон ба нақл аз "Independent форсӣ".
Андарабӣ дар посух ба суоли он ки "чӣ тавр ӯ ва нерӯҳои таҳти фармондеҳии ӯ ба "Толибон"*, ки тавоноии фаровони ҳарбӣ ба даст овардаанд ва тамоми Афғонистонро ишғол кардаанд, муқовимат карда метавонанд?", гуфт: "Толибон"* як гурӯҳи ситамгар аст ва аъзои он ба ҳеҷ ваҷҳ ба касе раҳм намекунад, аз ҷумла кӯдакон, занон ва пиронсолон. Ҷиноятҳое, ки "Толибон"* дар Андароб содир кардаанд, мардумро ба муқовимат бармеангезад. Нерӯҳои "Толибон"* дар марказҳои шаҳри Андароб даст ба интиқомҷӯӣ, куштор, ситам, харобкорӣ ва ғорат заданд."
Талибы в аэропорта в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Қатли як табиб бо 11 узви хонавода дар Андароб: қотилон ба ҷангиёни толиб монанд буданд
Ба гуфтаи Ғанӣ Андаробӣ, "Толибон"* бо интиқом ва куштори ҳадафмандонаи мардуми осоишта дар зиндагии онҳо маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ кардаанд ва ҳатто хӯроки ононро низ мардум таҳия мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, бинобар кам шудани манбаи даромади мардум бештаре аз оилаҳо ба хӯроки яквақта ниёз доранд, аммо дар айни ҳол маҷбуранд, барои ҷангҷӯёни "Толибон"* се хӯроки мукаммал омода кунанд.
Андаробӣ мегӯяд, "Толибон"* бо баҳонаҳои гуногун аз мардум пул ситонида истодаанд ва дар мавриди охирини ҷиноятҳо дар ин минтақа бошад, табибе бо номи Зайниддин ва шаш узви оилаи ӯ се рӯз пеш кушта шуданд.
Ғанӣ Андаробӣ дар бораи теъдоди нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат маълумот надод, аммо гуфт, зулми "Толибон"* боис шудааст, ки теъдоди зиёди одамон ба ин ҷабҳа ворид шаванд.
Афганское движение сопротивления во патрулирования в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2021
Фармондеҳ Ғании Андаробӣ дар бораи вазъи Андаробҳо
Ба гуфтаи Андаробӣ, мавқеъҳои нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар манотиқи кӯҳистонии шаҳристонҳои Бану, Деҳсалоҳ ва Пули Ҳисор фаъоланд ва ҷанги онҳо то пурра озод шудани Афғонистон идома хоҳад ёфт.
То кунун нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат дар ду минтақаи кӯҳистонӣ фаъолият ва муқовимати худро бар зидди "Толибон"* нигоҳ доштаанд. Дар паҳлӯи кӯҳи Андароб, дар кӯҳҳои Панҷшер як ҷабҳаи дигар фаъол аст, ки ҳамчун маркази фармондеҳии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ маъруф аст. Ҷабҳаи Панҷшер таҳти фармондеҳии Солеҳ Муҳаммад Ригестонӣ амал мекунад.
Ду рӯз пеш Регистонӣ як навор нашр кард, ки аз ҳузури худ дар сафи пеши нерӯҳо ва идомаи муқовимат зидди "Толибон"* хабар медиҳад.
Ғанӣ Андаробӣ мегӯяд, ки бо раҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер тамос дорад ва ҳама ҷабҳаҳо таҳти фармони Аҳмад Масъуд амал мекунанд. Ӯ меафзояд, ки ҳамаи сарбозон ва фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ танҳо ба Аҳмад Масъуд итоат мекунанд ва онҳо дар Андароб мувофиқи фармон ва дастуроти Масъуд амал мекунанд.
Ёдовар мешавем, теъдоде аз фармондеҳони зидди толибҳо дар Панҷшер ва Андароб пас аз суқути ҳукумати пешини Афғонистон дар рӯзи 15 август ба "Толибон"* иҷозаи вуруд ба минтақаҳои таҳти назораташонро надоданд.
Регистонӣ ҳамроҳ бо ҳамсангаронаш дар куҳҳои Ҳиндукуш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2021
“Ай ҷавонӣ, зуд рафтӣ!”: Регистонӣ гуфт, дар куҷо қарор дорад
Дар миёни онҳо Ғанӣ Андаробӣ низ буд, ки фармондеҳии нерӯҳои мардумӣ дар шаҳрҳои Пули Ҳисор, Бану ва Деҳсалоҳ дар вилояти Бағлонро дар ихтиёр дошт ва ҷангиёни "Толибон"* -ро аз он шаҳрҳо ихроҷ кард. Аз рӯзи 19 то 23 август дар он шаҳрҳо миёни "Толибон"* ва нерӯҳои таҳти фармони Ғанӣ Андаробӣ задухӯрдҳои шадид ба амал омаданд.
Ниҳоят, 24 август "Толибон"* ҳазорҳо сарбозро ба шаҳрҳои таҳти назорати Ҷабҳаи муқовимат дар Бағлон фиристоданд, ки дар пайи он хабарҳои зиёде дар бораи куштори дастаҷамъии мардуми осоишта ва тахриби хонаҳои онон нашр шуданд.
Дар пайи ҳамлаи ҳазорон ҷангҷӯи толиб нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат дар он минтақа таҳти раҳбарии Ғанӣ Андаробӣ ба кӯҳҳои Андароб рафтанд ва то ҳол дар манотиқи кӯҳистонӣ ҳузур доранду муқовимат мекунанд.
* созмони мамнуъ дар Тоҷикистону Русия
Лентаи хабарҳо
0