https://sputnik.tj/20211003/tarkish-masjid-kobul-1042625480.html
Таркиш назди масҷиди Кобул чанд нафарро кушта барҷой гузошт
Таркиш назди масҷиди Кобул чанд нафарро кушта барҷой гузошт
Sputnik Тоҷикистон
Дар Кобул назди даромадгоҳи масҷиди Идгоҳ таркиш рух дод, ки ҷони чанд сокини осоиштаро рабуд 03.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-03T18:03+0500
2021-10-03T18:03+0500
2021-10-03T18:12+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
афғонистон
осиёи марказӣ
таркиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1b/1041920605_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_fe995bf5b7712c6ca44ba9b38fbad125.jpg
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Бар асари таркиш дар наздикии масҷиди Идгоҳ, ки дуюмин бузургтарин масҷиди шаҳри Кобул ба ҳисоб меравад, чанд сокини осоишта ҷон бохтанд.Хабари сар задани таркиш дар даромадгоҳи масҷидро Забиуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати муваққати Афғонистон таъйид кард.Муҷоҳид дар сафҳаи Твиттерии худ навишт, ки "дар натиҷаи таркиш дар даромадгоҳи масҷид чанд сокини осоишта кушта шуданд".Бино ба охирин гузоришҳои Вазорати умури дохилии Афғонистон, дастикам 8 нафар кушта ва се нафар захмӣ шудаанд. Бино ба маълумоти пешакӣ, дар масҷид видоъ бо модари Забиуллоҳ Муҷоҳид баргузор шудааст. Ҳамчунин, шоҳидони айнӣ аз задухӯрд миёни "Толибон"* ва омилони ҳамлаи террористӣ хабар медиҳанд.Гуфта мешавад, дар робита ба ин ҳодиса се муттаҳам боздошт шуданд ва аз онҳо аъзои ҷангёни ДОИШ ном мебаранд.* созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
https://sputnik.tj/20210827/tarkish-kobul-kushta-mulkivu-nizomii-amrikoi-tolib-1041917230.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1b/1041920605_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_b2cff696a2261abb950b0374966382e4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, афғонистон, осиёи марказӣ, таркиш
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, афғонистон, осиёи марказӣ, таркиш
Таркиш назди масҷиди Кобул чанд нафарро кушта барҷой гузошт
18:03 03.10.2021 (Навсозишуда: 18:12 03.10.2021) Дар Кобул назди даромадгоҳи масҷиди Идгоҳ таркиш рух дод, ки ҷони чанд сокини осоиштаро рабуд
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Бар асари таркиш дар наздикии масҷиди Идгоҳ, ки дуюмин бузургтарин масҷиди шаҳри Кобул ба ҳисоб меравад, чанд сокини осоишта ҷон бохтанд.
Хабари сар задани таркиш дар даромадгоҳи масҷидро Забиуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати муваққати Афғонистон таъйид кард.
Муҷоҳид дар сафҳаи Твиттерии худ навишт, ки "дар натиҷаи таркиш дар даромадгоҳи масҷид чанд сокини осоишта кушта шуданд".
Бино ба охирин гузоришҳои Вазорати умури дохилии Афғонистон, дастикам 8 нафар кушта ва се нафар захмӣ шудаанд. Бино ба маълумоти пешакӣ, дар масҷид видоъ бо модари Забиуллоҳ Муҷоҳид баргузор шудааст.
Ҳамчунин, шоҳидони айнӣ аз задухӯрд миёни "Толибон"* ва омилони ҳамлаи террористӣ хабар медиҳанд.
Гуфта мешавад, дар робита ба ин ҳодиса се муттаҳам боздошт шуданд ва аз онҳо аъзои ҷангёни ДОИШ ном мебаранд.
* созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон