Ҷазои марде, ки аз номи Мирзиёев саҳифа кушоду аз мардум пул талаб кард

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкСоциальная сеть "Фейсбук"
Социальная сеть Фейсбук - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2021
Обуна шудан
Ҳангоми адои ҷазо мард пуррас аз дастрасӣ ба интернет маҳрум хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Муаллифи саҳифаи қалбакии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шабакаҳои иҷтимоӣ се солро дар зиндон сипарӣ хоҳад кард. Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо истинод ба котиби матбуотии сардори Раёсати корҳои дохилии Маркази вилояти Тошканд Бобур Тӯлаганов хабар дод.
Муҳокимаи парвандаи шаҳрванди 39-солаи Ӯзбекистон дар додгоҳи ноҳияи Чирчик баргузор шуд. Ҳангоми адои ҷазо ба ин мард дастрасӣ ба интернетро маҳдуд хоҳад буд.
Гуфта мешавад, ин мард саҳифаи қалбакии бо номи президенти Ӯзбекистонро дар Facebook сохтааст.
Президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ашраф Ғанӣ баъд аз фирораш аз Афғонистон дар Facebook Толибонро танқид кард
Сипас ӯ аз номи Мирзиёев бо шаҳрвандони кишвар тамос гирифт ва пешниҳод кардааст, ки мушкилоти онҳоро бо пардохти мукофоти пулӣ ҳал мекунанд.
Ҳамин тариқ, марди узбеки ташаббускор ваъда дод, ки ба корбарони интернет манзил қарз медиҳад. Ин мард дар навбати худ аз шаҳрвандон маблағи аз 50 ҳазор то 1,5 миллион сӯм талаб кардааст.
Мард аз муштариён хоҳиш кардааст, ки тамоми маблағро ба корти бонкии худ интиқол диҳад.
Аммо, фаъолияти ин мард дер давом накард ва ӯро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фош ва боздошт карданд.
Ба иттилои манбаъ, мард бо ҷурми қаллобӣ равонаи зиндон шуд.
Лентаи хабарҳо
0