https://sputnik.tj/20211002/murashko-moneaho-sputnik-v-sjb-bartaraf-1042618126.html
Мурашко гуфт, монеаҳо барои эътирофи "Спутник V" аз ҷониби СҶБ бартараф шуданд
Мурашко гуфт, монеаҳо барои эътирофи "Спутник V" аз ҷониби СҶБ бартараф шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Монеаҳо барои эътирофи воксини "Спутник V" аз ҷониби Созмони ҷаҳонии беҳдошт бартараф шудаанд
2021-10-02T21:00+0500
2021-10-02T21:00+0500
2021-10-02T22:20+0500
дар русия
тандурустӣ
созмони ҷаҳонии беҳдошт
беҳдошт
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/13/1033034671_0:63:1201:738_1920x0_80_0_0_9b18aa916b85ab52d1ffc7a46f901c7c.jpg
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Елизавета Исакова. Ҳамаи монеаҳо барои эътирофи воксини "Спутник V" аз ҷониби СҶБ бартараф шуда, танҳо баъзе расмиёти маъмурӣ боқӣ мондаанд, изҳор дошт Михаил Мурашко, вазири тандурустии Русия аз натиҷаи мулоқот бо намояндагони ИМА дар Женева.Ба гуфтаи вазир, мудири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Тедрос Гебрейесус тасдиқ кард, ки барои корҳои минбаъда ҳеч монеа вуҷуд надорад. Мурашко илова намуд, ик ИМА аз эътирофи тарафайни шаҳодатномаи воксин манфиатдор аст ва дар ин самт пешрафтҳоеро метавон интизор шуд. Феълан дар Русия панҷ воксини зидди COVID-19 сабт шудаанд, ки нахустинашон "Спутник V" аст, ки аз ҷониби Маркази миллии пажуҳиши бахши эпидемиология ва микробиология ба номи Николай Гамалей сохта шудааст. Ин воксин ба таври васеъ истифода шуда, дар қаламрави 70 кишвар эътироф шудааст. Барои шаҳрвандони Русия инчунин воксинҳои "ЭпиВакКорона" аз маркази "Вектор" -и Новосибирск ва "КовВак" аз Маркази ба номи Чумакови Академияи улуми Русия дастрас мебошанд. Барои ваксингири дубора "Спутник Лайт" тавсия дода шудааст, ки гузинаи сабуки "Спутник V" буда, як бор гузаронда мешавад. Дар баробари ин ахиран Вазорати тандурустии Русия воксини "ЭпиВакКорону-Н" - ро сабт кард, ки маводи "ЭпиВакКорона"-ро дар бар мегирад, аммо ба гунаи дигар таҷзия мешавад. Моҳи июли соли равон ниҳоди танзимгар инчунин барои ташхиси клинкии доруи Пажуҳишгоҳи воксини Ожонси федералии тиббӣ - биологии Санкт-Петербург иҷозат дода буд.
https://sputnik.tj/20210929/dushanbe-sokinon-koronavirus-vaksin-1042553222.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/13/1033034671_66:0:1133:800_1920x0_80_0_0_67dc7e71e2cf348f6b128bbbde99c6db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
монеа, бартараф, воксин, ҷаҳонӣ, беҳдошт, спутник
монеа, бартараф, воксин, ҷаҳонӣ, беҳдошт, спутник
Мурашко гуфт, монеаҳо барои эътирофи "Спутник V" аз ҷониби СҶБ бартараф шуданд
21:00 02.10.2021 (Навсозишуда: 22:20 02.10.2021) Монеаҳо барои эътирофи воксини "Спутник V" аз ҷониби Созмони ҷаҳонии беҳдошт бартараф шудаанд
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Елизавета Исакова. Ҳамаи монеаҳо барои эътирофи воксини "Спутник V" аз ҷониби СҶБ бартараф шуда, танҳо баъзе расмиёти маъмурӣ боқӣ мондаанд, изҳор дошт Михаил Мурашко, вазири тандурустии Русия аз натиҷаи мулоқот бо намояндагони ИМА дар Женева.
"Мавқеи ҷониби Русия дар мавриди сабт ва паҳнсозии воксини "Спутник V" пурра шунида шуд. Феълан ширкате, ки ба сабти воксина дар СҶБ машғул мешавад, бояд чанд санадро имзо кунаду коғазҳои иловагиро пешниҳод намояд", - изҳор дошт ӯ.
Ба гуфтаи вазир, мудири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Тедрос Гебрейесус тасдиқ кард, ки барои корҳои минбаъда ҳеч монеа вуҷуд надорад.
Мурашко илова намуд, ик ИМА аз эътирофи тарафайни шаҳодатномаи воксин манфиатдор аст ва дар ин самт пешрафтҳоеро метавон интизор шуд.
Феълан дар Русия панҷ воксини зидди COVID-19 сабт шудаанд, ки нахустинашон "Спутник V" аст, ки аз ҷониби Маркази миллии пажуҳиши бахши эпидемиология ва микробиология ба номи Николай Гамалей сохта шудааст. Ин воксин ба таври васеъ истифода шуда, дар қаламрави 70 кишвар эътироф шудааст. Барои шаҳрвандони Русия инчунин воксинҳои "ЭпиВакКорона" аз маркази "Вектор" -и Новосибирск ва "КовВак" аз Маркази ба номи Чумакови Академияи улуми Русия дастрас мебошанд.
Барои ваксингири дубора "Спутник Лайт" тавсия дода шудааст, ки гузинаи сабуки "Спутник V" буда, як бор гузаронда мешавад. Дар баробари ин ахиран Вазорати тандурустии Русия воксини "ЭпиВакКорону-Н" - ро сабт кард, ки маводи "ЭпиВакКорона"-ро дар бар мегирад, аммо ба гунаи дигар таҷзия мешавад.
Моҳи июли соли равон ниҳоди танзимгар инчунин барои ташхиси клинкии доруи Пажуҳишгоҳи воксини Ожонси федералии тиббӣ - биологии Санкт-Петербург иҷозат дода буд.