https://sputnik.tj/20211002/fond-saudi-farkhor-maktabi-muosir-sokht-1042614458.html
Фонди саудӣ дар Фархор мактаби муосир сохт
Фонди саудӣ дар Фархор мактаби муосир сохт
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ноҳияи Фархор, мактаби навбунёдро ифтитоҳ кард, ки бо маблағгузории Фонди саудии рушди амалӣ сохта шудааст
2021-10-02T15:20+0500
2021-10-02T15:20+0500
2021-10-02T15:20+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
маориф
фархор
мактаб
саудӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1041996748_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_c1ee1dd093a2cc6193ac992b72cbdb21.jpg
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Дар деҳаи Аловуддини деҳоти Фархор бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 мавриди истифода қарор гирифт, хабар дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, мактаби мазкур, ки бо маблағгузории Фонди саудии рушд амалӣ бунёд шудааст, аз 2 қисм иборат буда, масоҳати умумии қитъаи замини муассисаи таълимӣ 1,4 га-ро ташкил медиҳад. Муассисаи мазкур барои 1240 ҷойи нишаст дар ду баст сохта шудааст, афзуд манбаъ. Таъкид шудааст, ки дар мактаб барои инкишоф додани зеҳни хонандагон синфхонаи шоҳмот ташкил гардида, он бо тахтаи электронӣ ва компютерӣ, 16 ҷойи нишаст ва 4 ҷуфт тахта барои бозии шоҳмот таъмин гардидааст. "Синфхонаҳои фаннӣ, ба монанди физика, химия ва биология бо тахтаи электронӣ, компютер ва таҷҳизоти лабораторӣ барои гузаронидани озмоишҳо таъмин мебошанд", - омадааст дар иттилоия. Дафтари матбуоти раисҷумҳур илова намуд, ки китобхонаи мактаби №4 дорои 13 ҳазор адабиёти гуногун буда, ин муассиса инчунин дорои толори маҷлисгоҳ, ошхона ва варзишгоҳи муосир мебошад.
https://sputnik.tj/20211002/dastur-rahmon-kdam-donish-muboriza-1042613110.html
фархор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1041996748_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_ef7663a334e91fec50f4600f69cc736c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мактаб, сохтмон, фархор, саудӣ, эмомалӣ раҳмон
мактаб, сохтмон, фархор, саудӣ, эмомалӣ раҳмон
Фонди саудӣ дар Фархор мактаби муосир сохт
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ноҳияи Фархор, мактаби навбунёдро ифтитоҳ кард, ки бо маблағгузории Фонди саудии рушди амалӣ сохта шудааст
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Дар деҳаи Аловуддини деҳоти Фархор бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 мавриди истифода қарор гирифт, хабар дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, мактаби мазкур, ки бо маблағгузории Фонди саудии рушд амалӣ бунёд шудааст, аз 2 қисм иборат буда, масоҳати умумии қитъаи замини муассисаи таълимӣ 1,4 га-ро ташкил медиҳад. Муассисаи мазкур барои 1240 ҷойи нишаст дар ду баст сохта шудааст, афзуд манбаъ.
Таъкид шудааст, ки дар мактаб барои инкишоф додани зеҳни хонандагон синфхонаи шоҳмот ташкил гардида, он бо тахтаи электронӣ ва компютерӣ, 16 ҷойи нишаст ва 4 ҷуфт тахта барои бозии шоҳмот таъмин гардидааст.
"Синфхонаҳои фаннӣ, ба монанди физика, химия ва биология бо тахтаи электронӣ, компютер ва таҷҳизоти лабораторӣ барои гузаронидани озмоишҳо таъмин мебошанд", - омадааст дар иттилоия.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур илова намуд, ки китобхонаи мактаби №4 дорои 13 ҳазор адабиёти гуногун буда, ин муассиса инчунин дорои толори маҷлисгоҳ, ошхона ва варзишгоҳи муосир мебошад.