https://sputnik.tj/20211001/zindon-mard-kormand-dastgoh-prezident-1042591853.html
Ҳукми зиндони марде, ки худро корманди дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон гуфт
Ҳукми зиндони марде, ки худро корманди дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Як сокини маҳаллии вилоят аз шаҳрвандон барои муомилоти замин пул гирифтааст
2021-10-01T10:16+0500
2021-10-01T10:16+0500
2021-10-01T11:29+0500
ҳамадонӣ
зиндон
қарори додгоҳ
прокуратураи генералӣ
эъломи ҳукм
қаллоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102413/96/1024139639_0:352:2300:1646_1920x0_80_0_0_da20ca1296ab4e5f69ba4517512c266e.jpg
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Шаҳбоз Абдураҳмонов, сокини вилояти Балҷувонро бо ҷурми қаллобӣ ҳукм ба зиндон кардааст. Ин мард худро корманди Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон муаррифӣ карда, аз шаҳрвандон пул гирифтааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Додситонии кул.Ба иттилои манбаъ, Абдураҳмонов аввалҳои моҳи феврали соли 2021 бо роҳи фиреб ба бовари Миҷгона Подшоева, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ даромада, худашро бо номи Саидов Умед, корманди дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон муаррифӣ карда, ваъда додааст, ки ба ӯ 4500 сомонӣ диҳад ва вай бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш ба ин зан қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад.Ҳамзамон моҳи феврали соли ҷорӣ ба сокини дигари ноҳияи Ҳамадонӣ Гулнорой Файзова низ худро корманди дастгоҳи иҷроияи президент гуфта, ваъда додааст, ки ба ивази 10 ҳазор сомонӣ ба ӯ замини наздиҳавлигӣ медиҳад.Номбурда бо ҳамин усул аз 16 нафари дигар ҳам маблағ гирифтааст. Дар маҷмуъ Шаҳбоз Абдураҳмонов беш аз 80 ҳазор сомонии сокинонро бо роҳи фиреб аз худ кардааст.Додситонии кул гуфтааст, ки додрас Шаҳбоз Абдураҳмоновро бо моддаҳои 247, қисми 2, бандҳои “а", "в”, 247, қисми 3, банди “в” ва 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноӣ ба 10 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст.
https://sputnik.tj/20200924/Kor-dar-makomoti-nizomi-bar-ivazi-1700-dollar-Sugd-kormandi-kalbakii-makomotro-jazo-dod--1031956572.html
ҳамадонӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102413/96/1024139639_21:0:2300:1709_1920x0_80_0_0_cdce8cc582653db4141cf868e23d5682.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳукм зиндон мард корманд дастгоҳ президент тоҷикистон
ҳукм зиндон мард корманд дастгоҳ президент тоҷикистон
Ҳукми зиндони марде, ки худро корманди дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон гуфт
10:16 01.10.2021 (Навсозишуда: 11:29 01.10.2021) Як сокини маҳаллии вилояти Хатлон аз шаҳрвандон барои муомилоти замин пул гирифтааст
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Шаҳбоз Абдураҳмонов, сокини вилояти Балҷувонро бо ҷурми қаллобӣ ҳукм ба зиндон кардааст.
Ин мард худро корманди Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон муаррифӣ карда, аз шаҳрвандон пул гирифтааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Додситонии кул.
Ба иттилои манбаъ, Абдураҳмонов аввалҳои моҳи феврали соли 2021 бо роҳи фиреб ба бовари Миҷгона Подшоева, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ даромада, худашро бо номи Саидов Умед, корманди дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон муаррифӣ карда, ваъда додааст, ки ба ӯ 4500 сомонӣ диҳад ва вай бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш ба ин зан қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда медиҳад.
Ҳамзамон моҳи феврали соли ҷорӣ ба сокини дигари ноҳияи Ҳамадонӣ Гулнорой Файзова низ худро корманди дастгоҳи иҷроияи президент гуфта, ваъда додааст, ки ба ивази 10 ҳазор сомонӣ ба ӯ замини наздиҳавлигӣ медиҳад.
Номбурда бо ҳамин усул аз 16 нафари дигар ҳам маблағ гирифтааст.
Дар маҷмуъ Шаҳбоз Абдураҳмонов беш аз 80 ҳазор сомонии сокинонро бо роҳи фиреб аз худ кардааст.
Додситонии кул гуфтааст, ки додрас Шаҳбоз Абдураҳмоновро бо моддаҳои 247, қисми 2, бандҳои “а", "в”, 247, қисми 3, банди “в” ва 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноӣ ба 10 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст.