https://sputnik.tj/20211001/politico-silohi-putin-baydenro-devona-kard-1042606599.html
"Politico": Силоҳи Путин Байденро девона кард
"Politico": Силоҳи Путин Байденро девона кард
Sputnik Тоҷикистон
Вашингтон бояд миёни иҷрои қонун ва ҳифзи равобити шарики бо Ҳиндустон якеро интихоб кунад
2021-10-01T19:45+0500
2021-10-01T19:45+0500
2021-10-01T19:45+0500
амрико
ҳиндустон
аслиҳа
с-400 "триумф"
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/10/1040252387_0:148:3006:1839_1920x0_80_0_0_1e8709d0d5ecd61459867ff86d3de57b.jpg
ДУШАНБЕ, 1 октябрь - Sputnik. Силоҳҳои Русия, ки ба Ҳиндустон фурӯхта шудаанд, "дарди сар"-и президенти Ҷо Байден шудааст, менависад маҷалаи “Politico”.Нашрия қайд мекунад, ки Амрико аз Ҳиндустон барои харидани силоҳ аз Русия зиддият нишон медиҳад.Созишномаи байни Маскав ва Деҳлӣ баҳсбарангез аст. Ин созишнома мудатҳост, ки боиси нигаронии Вашингтон шудааст.Дар арафаи арзаи силоҳ маъмурияти Байден бояд ҳарчи зудтар роҳи ҳалли беҳтари ин масъаларо пайдо намояд."Politico" ишора мекунад, ки дар ин вазъ мушкили асосӣ Қонун "Дар бораи муқовимат бо рақибони Амрико" мебошад, ки бар зидди кишварҳое, ки аз Русия силоҳ мехаранд, зери таҳрим қарор мегиранд.Ҳиндустон як шарики калидии ИМА дар минтақа аст. Ҳоло Байден интихоби ҳалкунандае дорад. Вокуниши Вашингтон ба созишномаи Маскав ва Деҳлӣ ба дигарон бояд нишон диҳад, ки дар чунин вазъият чиро интизор бояд бошанд, таъкид мекунад "Politico".Кохи Сафед бояд ин вазъро бо Конгресс муҳокима кунад, то "ин шамшер дар давоми даҳ соли дигар сари муносибатҳои мо овезон нашавад",- гуфт Самир Лалвани, мудири кулли барномаи Осиёи Ҷанубӣ дар Маркази Стимсон.Ёдовар мешавем, ки Маскав ва Деҳлӣ дар соли 2018 дар бораи фурӯши панҷ полки низомҳои зиддимушакии С-400 ба маблағи беш аз 5 миллиард долларро ба имзо расониданд. Ин созишнома бузургтарин дар таърихи “Рособоронэкспорт” ба ҳисоб меравад.
https://sputnik.tj
амрико
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/10/1040252387_179:0:2827:1986_1920x0_80_0_0_4b6e124ae037b10fa71c6fba5d772cc8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амрико, байден, силоҳ, ҳиндустон, фурӯши силоҳ, нигаронӣ
амрико, байден, силоҳ, ҳиндустон, фурӯши силоҳ, нигаронӣ
"Politico": Силоҳи Путин Байденро девона кард
Вашингтон бояд миёни иҷрои қонун ва ҳифзи равобити муштарак бо Ҳиндустон якеро интихоб кунад
ДУШАНБЕ, 1 октябрь - Sputnik. Силоҳҳои Русия, ки ба Ҳиндустон фурӯхта шудаанд, "дарди сар"-и президенти Ҷо Байден шудааст, менависад маҷалаи “Politico”.
Нашрия қайд мекунад, ки Амрико аз Ҳиндустон барои харидани силоҳ аз Русия зиддият нишон медиҳад.
Созишномаи байни Маскав ва Деҳлӣ баҳсбарангез аст. Ин созишнома мудатҳост, ки боиси нигаронии Вашингтон шудааст.
Дар арафаи арзаи силоҳ маъмурияти Байден бояд ҳарчи зудтар роҳи ҳалли беҳтари ин масъаларо пайдо намояд.
"Politico" ишора мекунад, ки дар ин вазъ мушкили асосӣ Қонун "Дар бораи муқовимат бо рақибони Амрико" мебошад, ки бар зидди кишварҳое, ки аз Русия силоҳ мехаранд, зери таҳрим қарор мегиранд.
Ҳиндустон як шарики калидии ИМА дар минтақа аст. Ҳоло Байден интихоби ҳалкунандае дорад. Вокуниши Вашингтон ба созишномаи Маскав ва Деҳлӣ ба дигарон бояд нишон диҳад, ки дар чунин вазъият чиро интизор бояд бошанд, таъкид мекунад "Politico".
Кохи Сафед бояд ин вазъро бо Конгресс муҳокима кунад, то "ин шамшер дар давоми даҳ соли дигар сари муносибатҳои мо овезон нашавад",- гуфт Самир Лалвани, мудири кулли барномаи Осиёи Ҷанубӣ дар Маркази Стимсон.
Ёдовар мешавем, ки Маскав ва Деҳлӣ дар соли 2018 дар бораи фурӯши панҷ полки низомҳои зиддимушакии С-400 ба маблағи беш аз 5 миллиард долларро ба имзо расониданд. Ин созишнома бузургтарин дар таърихи “Рособоронэкспорт” ба ҳисоб меравад.