Мавқеи Саакашвили муайян шуд: "Ӯ вориди Гурҷистон нашудааст"

© Sputnik / Александр ИмедашвилиПрезидент Грузии Михаил Саакашвили
Президент Грузии Михаил Саакашвили - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Обуна шудан
Михаил Саакашвили, ки дар саҳифаҳои иҷтимоияш гуфт, ба шаҳри Батуми омадааст, ба гуфтаи мақомоти Гурҷистон дар қаламрави ин кишвар қарор надорад
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Собиқ раисҷумҳури Гурҷистон, Михаил Саакашвили қаламрави Украинаро тарк накардааст, изҳор дошт намояндаи Вазорати умури дохилии Гурҷистон.
Мақомдорони Гурҷистон зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, дар пайи машварат бо ҳамтоёни украинияш муайян кардаанд, ки Саакашвили қаламрави Украинаро тарк накардааст. Ҳамчунин қотеона таъкид карданд, ки ӯ ба қаламрави Гурҷистон ворид нашудааст, иттилоъ дод РИА Новости бо такя ба масъулини умури дохилии Гурҷистон.
Манбаъ таъкид кардааст, ки Саакашвили мавриди пайгард қарор дорад ва агар ба Гурҷистон ояд, боздошт мешавад.
 Украинский государственный флаг прикреплен к забору на украинско-российской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Чигуна Украина барои кишварҳои пасошӯравӣ дарс шуд
Инчунин шабакаи телвизионии Гурҷистон, "Имеди" хабар додааст, ки Саакашвили Украинаро тарк накардааст.
"Саакашвили рӯзи 24 сентябр аз Амстердам ба Украина омада, дигар қаламрави ин кишварро тарк накардааст. Ба иттилои мо, ӯ тайи 4 рӯзи охир дар шаҳри украинии Трусковетс қарор дорад", - таъкид шудааст дар сомонаи ин шабакаи телевизионӣ.
Ахиран дар саҳифаҳои Саакашвили дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода шуд, ки ӯ ба шаҳри Батуми омадааст. Хабари сафари Саакашвили дар пасманзари баргузории интихобот ба мақомоти маҳаллии Гурҷистон паҳн шуд.
Лентаи хабарҳо
0