https://sputnik.tj/20211001/jazo-khatlon-tahiya-ghizo-tuy-1042602618.html
Ҷаримаи сокини Хатлон барои таҳияи се ғизо дар тӯй
Ҷаримаи сокини Хатлон барои таҳияи се ғизо дар тӯй
Sputnik Тоҷикистон
Сокини Леваканд дар тӯйи духтараш, зиёфати боҳашамат баргузор кард ва барои вайрон кардани қонуни танзим ҷарима шуд
2021-10-01T17:00+0500
2021-10-01T17:00+0500
2022-02-01T01:03+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
ҷарима
прокуратура
қонуни танзими ҷашну маросим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102250/97/1022509748_0:79:1494:919_1920x0_80_0_0_64c8d5c786c8773d54336cceae4a32ba.jpg
ДУШАНБЕ, 1 окт - Sputnik. Як сокини шаҳри Леваканди вилояти Хатлон барои нақзи Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ" ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Додситонии кули Тоҷикистон. Мард мебоист тӯйи духтарашро аз соати 08:00 то 10:00 баргузор мекард, аммо дар шоми қабл аз тӯй ӯ шумораи зиёде аз меҳмононро ба хона даъват кард. Тибқи иттилои Додситонии кул, ӯ барои онҳо "бо омода кардани се хӯрок" ҷашни бошукӯҳе ташкил кард ва илова бар ин зиёфатро рӯзи дигар низ давом додааст.Ин қонуншиканиҳо, ба қавли манбаъ, қабл аз баргузории рӯзи тӯй сурат гирифаанд, ки пас аз ҷарима, дар рӯзи бурдани арӯс ба хонаи домод падари духтар муқаррароти қонунро риоят кардааст. Гуфта мешавад, ки додситони Леваканда алайҳи ин мард бо моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда боз ва тибқи он, додгоҳ ӯро ба пардохти ҷарима муваззаф кардааст.
https://sputnik.tj/20210719/jarima-mansabdor-sughd-qonuni-tanzim-sudi-oli-1041011423.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102250/97/1022509748_83:0:1411:996_1920x0_80_0_0_ea5223db8d39ddd5fe369f328c10f343.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷазо хатлон падар тӯй духтар қонун
ҷазо хатлон падар тӯй духтар қонун
Ҷаримаи сокини Хатлон барои таҳияи се ғизо дар тӯй
17:00 01.10.2021 (Навсозишуда: 01:03 01.02.2022) Сокини Леваканд дар тӯйи духтараш зиёфати боҳашамат баргузор кард ва барои нақзи кардани қонуни танзим ҷарима шуд
ДУШАНБЕ, 1 окт - Sputnik. Як сокини шаҳри Леваканди вилояти Хатлон барои нақзи Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ" ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Додситонии кули Тоҷикистон.
Мард мебоист тӯйи духтарашро аз соати 08:00 то 10:00 баргузор мекард, аммо дар шоми қабл аз тӯй ӯ шумораи зиёде аз меҳмононро ба хона даъват кард.
Тибқи иттилои Додситонии кул, ӯ барои онҳо "бо омода кардани се хӯрок" ҷашни бошукӯҳе ташкил кард ва илова бар ин зиёфатро рӯзи дигар низ давом додааст.
"Вай қоидаҳои баргузории чорабиниҳоро вайрон кард ва ба ҷои як оши палав меҳмононро бо се таоми гуногун зиёфат дод",-гуфтанд дар ин ниҳод.
Ин қонуншиканиҳо, ба қавли манбаъ, қабл аз баргузории рӯзи тӯй сурат гирифаанд, ки пас аз ҷарима, дар рӯзи бурдани арӯс ба хонаи домод падари духтар муқаррароти қонунро риоят кардааст.
Гуфта мешавад, ки додситони Леваканда алайҳи ин мард бо моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда боз ва тибқи он, додгоҳ ӯро ба пардохти ҷарима муваззаф кардааст.