https://sputnik.tj/20211001/hamid-khurosoni-afrode-nohaq-panjsher-zindoni-1042599009.html
Ҳамид Хуросонӣ: Дар Панҷшер афроде ба ноҳақ зиндонӣ мешаванд
Ҳамид Хуросонӣ: Дар Панҷшер афроде ба ноҳақ зиндонӣ мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Омири амниятии “Толибон”* барои Панҷшер аз дастгири афроди бегуноҳ дар ин вилоят хабар дод
2021-10-01T15:20+0500
2021-10-01T15:20+0500
2021-10-01T15:39+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
афғонистон
толибон
панҷшер
шиканҷа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/01/1042598961_0:0:1001:563_1920x0_80_0_0_9e58ea3fad9f92fca557b4a714611d28.jpg
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Абдулҳамид Хуросонӣ, омири амниятии “Толибон” барои Панҷшер мегӯяд, афроде ба ноҳақ ба зиндон афканда ва шиканҷа мешаванд. Ӯ мегӯяд, ки шикоят аз боздошт ва шиканҷаи афроди бегуноҳ дар Панҷшер ба ӯ расида. Ба гуфтаи вай, дар нисбати мардум набояд зулму истибдод ва беадолатӣ сурат гирад.Қобили зикр аст, ки “Толибон” пас аз тассалут бар Панҷшер бархе аз бошандагони ин вилоятро водор ба кӯчкашӣ ва бархе афроди мулкиро дастгир, шиканҷа ва ё тирборон карданд. Ҳамчунин Ҳамид Хуросонӣ раисҷумҳури Тоҷикистонро ба дахолат дар умури Афғонистон муттаҳам кард ва гуфт, касе ҳуқуқи дахолат ба сиёсати ин кишварро надорад.Ёдрас менамоем, ки пештар муовинони роҳбари ҳукумати муваққатии “Толибон”* (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) мулло Абдулғанӣ Бародар ва Абдусалом Ҳанафӣ гуфта буданд, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат мекунад.Ҳукумати Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки иморати исломӣ ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занро идома хоҳанд дод.* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20211001/tolibon-intiqoli-neru-marzi-tojikiston-rad-kardan-1042590740.html
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/01/1042598961_50:0:881:623_1920x0_80_0_0_c22118a063b1a47d47801da5f49d6e9a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, панҷшер, афрод, шиканҷа, зиндонӣ, бегуноҳ
афғонистон, толибон, панҷшер, афрод, шиканҷа, зиндонӣ, бегуноҳ
Ҳамид Хуросонӣ: Дар Панҷшер афроде ба ноҳақ зиндонӣ мешаванд
15:20 01.10.2021 (Навсозишуда: 15:39 01.10.2021) Омири амниятии “Толибон”* барои Панҷшер аз дастгир шудани афроди бегуноҳ дар ин вилоят хабар дод
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Абдулҳамид Хуросонӣ, омири амниятии “Толибон” барои Панҷшер мегӯяд, афроде ба ноҳақ ба зиндон афканда ва шиканҷа мешаванд. Ӯ мегӯяд, ки шикоят аз боздошт ва шиканҷаи афроди бегуноҳ дар Панҷшер ба ӯ расида. Ба гуфтаи вай, дар нисбати мардум набояд зулму истибдод ва беадолатӣ сурат гирад.
Қобили зикр аст, ки “Толибон” пас аз тассалут бар Панҷшер бархе аз бошандагони ин вилоятро водор ба кӯчкашӣ ва бархе афроди мулкиро дастгир, шиканҷа ва ё тирборон карданд.
Ҳамчунин Ҳамид Хуросонӣ раисҷумҳури Тоҷикистонро ба дахолат дар умури Афғонистон муттаҳам кард ва гуфт, касе ҳуқуқи дахолат ба сиёсати ин кишварро надорад.
Ёдрас менамоем, ки пештар муовинони роҳбари ҳукумати муваққатии “Толибон”* (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) мулло Абдулғанӣ Бародар ва Абдусалом Ҳанафӣ гуфта буданд, ки Тоҷикистон ба умури дохилии Афғонистон дахолат мекунад.
Ҳукумати Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки иморати исломӣ ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занро идома хоҳанд дод.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар