https://sputnik.tj/20211001/dukhtari-tabibi-afghon-joizai-baynalmilali-1042590907.html
Пизишкдухтари афғонистонӣ сазовори ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ шуд
Пизишкдухтари афғонистонӣ сазовори ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷавондухтари табиби афғон барандаи ҷоизаи Нансен дар Осиё шудааст
2021-10-01T09:45+0500
2021-10-01T09:45+0500
2021-10-01T11:21+0500
ҷоиза
афғонистон
баранда
байналмилалӣ
духтар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102458/08/1024580804_0:64:1225:753_1920x0_80_0_0_6e1c3e2c37fe959a68f89f66182083c7.jpg
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Ахиран Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон эълом кардааст, ки доктор Салима Раҳмон, табиби муҳоҷири 29-солаи афғонистонӣ барандаи ҷоизаи минтақавии Нансен дар Осиё шудааст, иттилоъ додааст сомонаи “Парстудей”.Гуфта мешавад, ки хонум Салима Раҳмон ҷоизаи Нансонро барои талошҳояш дар ҷиҳати боло бурдани сатҳи таҳсилоти духтарон дар ҷомеа ва кумак ба мубориза бо бемории ишемияи дил дар Покистон соҳиб шудааст.Манбаъ таъкид кардааст, ки хонум Салима Раҳмон дар соҳаи доягӣ ва гинекология тахассус дорад.Бояд қайд кард, ки Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) ҳамасола ба афрод, гурӯҳҳо ё созмонҳое, ки ба паноҳҷӯён ва бехонумонҳо хидматҳои муфид мерасонанд, ҷоизаи гурезаҳои Нансенро тақдим мекунад.Ин ҷоиза аз соли 1954 инҷониб дода мешавад.Ин ҷоиза ба номи барандаи ҷоизаи сулҳи Нобели Фридҷоф Нансен, сайёҳ, сиёсатмадор ва донишманди норвегӣ гузошта шудааст.Нансен ҳамчун аввалин Комиссари олии гурезаҳои СММ барои ҳалли мушкилоти фирориён ва муҳоҷирон кор карааст.
https://sputnik.tj/20210930/qadam-ba-qafo-qatar-tolibon-dilsard-1042588813.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102458/08/1024580804_69:0:1157:816_1920x0_80_0_0_847faf5e0a1653aca21ec358a1d05b50.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғон, духтар, ҷоиза, баранда, ҷоизаи байналмилалӣ, осиё
афғон, духтар, ҷоиза, баранда, ҷоизаи байналмилалӣ, осиё
Пизишкдухтари афғонистонӣ сазовори ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ шуд
09:45 01.10.2021 (Навсозишуда: 11:21 01.10.2021) Муҳоҷирдухтари афғони 29-сола барандаи ҷоизаи Нансен дар Осиё шудааст
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Ахиран Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон эълом кардааст, ки доктор Салима Раҳмон, табиби муҳоҷири 29-солаи афғонистонӣ барандаи ҷоизаи минтақавии Нансен дар Осиё шудааст, иттилоъ додааст сомонаи “Парстудей”.
Гуфта мешавад, ки хонум Салима Раҳмон ҷоизаи Нансонро барои талошҳояш дар ҷиҳати боло бурдани сатҳи таҳсилоти духтарон дар ҷомеа ва кумак ба мубориза бо бемории ишемияи дил дар Покистон соҳиб шудааст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки хонум Салима Раҳмон дар соҳаи доягӣ ва гинекология тахассус дорад.
Бояд қайд кард, ки Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) ҳамасола ба афрод, гурӯҳҳо ё созмонҳое, ки ба паноҳҷӯён ва бехонумонҳо хидматҳои муфид мерасонанд, ҷоизаи гурезаҳои Нансенро тақдим мекунад.
Ин ҷоиза аз соли 1954 инҷониб дода мешавад.
Ин ҷоиза ба номи барандаи ҷоизаи сулҳи Нобели Фридҷоф Нансен, сайёҳ, сиёсатмадор ва донишманди норвегӣ гузошта шудааст.
Нансен ҳамчун аввалин Комиссари олии гурезаҳои СММ барои ҳалли мушкилоти фирориён ва муҳоҷирон кор карааст.