1 октябр дар таърих: Зодрӯзи Чориева ва Рӯзи ҷаҳонии солмандон

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 1 октября
День 1 октября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Обуна шудан
Рӯзи 1-уми октябр Рӯзи ҷаҳонии солмандон ва Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ мебошад. Ӯзбекистон аз Рӯзи омӯзгорон ҷашн мегирад

Муҳимтарин рӯйдодҳои 1 октябр дар ҷаҳон

Соли 1843 бори нахуст рӯзномаи маъруфи Британияи Кабир "The News of the World" ба нашр расид.
Соли 1869 дар Вена бори аввал дар ҷаҳон руқъаи почтавӣ бо тамға нашр гардид.
Соли 1891 дар Фаронса клуби футболи "Бордо" ташкил ёфт.
Соли 2001 додгоҳи болоии ИМА муваққатан Бил Клинтон (собиқ президенти ИМА)-ро аз машғул шудан ба корҳои юридикӣ манъ намуд.

Муҳимтарин рӯйдодҳои 1 октябр дар Тоҷикистон

Соли 2002 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба имзо расид.
Соли 2009 дар шаҳри Норак Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди "Чормағзак"-ро расман ифтитоҳ намуд.
Соли 2013 парлумони Тоҷикистон Созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи будубоши пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар Тоҷикистонро тасдиқ кард.
© Sputnik / Амир ИсаевПраздник в 201-ой РВБ отметили военным парадом и концертом
Праздник в 201-ой РВБ отметили военным парадом и концертом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Праздник в 201-ой РВБ отметили военным парадом и концертом
Соли 2015 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 8 млн 486 ҳазору 300 нафар расид.
Соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалии содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ (дар таҳрири нав) пайваст.
Соли 2015 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги навшудаи Федератсияи байналмилалии футбол бо касби 156 хол мақоми 160-умро ишғол кард.

Ҷашнҳои рӯзи 1 октябр

Рӯзи ҷаҳонии солмандон.
Рӯзи ҷаҳонии меъморӣ.
Рӯзи байналмилалии нафароне, ки аз маҳсулоти гӯштӣ парҳез мекунанд.
Дар Ӯзбекистон — Рӯзи омӯзгорон
Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони додситонӣ.
Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ

Рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?

Юсуфҷон Акобиров (1937-2011) – Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ.
Акбар Турсунов (Набипур) (1939) – доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АФ Тоҷикистон.
Салимахон Ваҳҳобзода, журналист (1951).
Озод Аминзода (1933-2009) – шоир, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Тоҳирҷон Баҳромов (1952 – 2001) – коргардони театр ва ТВ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
Александр Бернштам (1910-1956)- доктори илми таърих.
Низомиддин Валиев (1949) – меъмор.
Николай Детсик (1922) – коргардони театр.
Ҳабибулло Ибодов (1949) – доктори илми тиб, профессор.
Дилмурод Каримов (1947) – меъмор.
Олимҷон Маҳмудҷонов (1961)- доктори илми педагогӣ, профессор.
Маҷид Салим (1959) – нависанда.
Мелик-Саядян Сероп (1926)- кинооператор.
Мисбоҳиддини Нарзиқул (1970)- доктори илми филологӣ.
Набиҷон Почоҷонов (1910 – 1988) – мутарҷим.
Бекмурод Сиёев (1932 – 2004) – доктори илми филологӣ.
Рина Талман (1903-1991)- Китобдори шоистаи Тоҷикистон.
Умриддини Нӯшӣ (1974) – шоир.
Зиёдулло Ҳасанов (1949) – меъмор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
Қурбон Ҳамидов (1949 – 1996) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Эргашалӣ Шодиев (1932 – 2005) – доктори илми филологӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
Мавзуна Чориева (1992) - варзишгари номовари тоҷик, дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи-2012 дар риштаи бокс дар Лондон.
Лентаи хабарҳо
0