Имзои ёддошти тафоҳум миёни “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ӯзбекистон

© ТОДЖИКФИЛЬМДни кино Республики Таджикистан в Республике Узбекистан
Дни кино Республики Таджикистан в Республике Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Обуна шудан
Дар чаҳорчӯби кинофестивали сенздаҳуми байналмилалии Тошанд байни “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ӯзбекистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Бино бар иттилои маъмурияти “Тоҷикфилм” Ахиран дар Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби кинофестивали сенздаҳуми байналмилалии Тошанд байни Агентии кинематографияи Ӯзбекистон ва Муссисаи давлатии “Тоҷикфилм” Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ин Ёддошти тафоҳумро аз ҷониби Тоҷикистон директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён ва аз ҷониби Ӯзбекистон директори генералии Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов ба имзо рсониданд.
Гуфта мешавад, ки то имзои ин ёддоштит тафоҳум чанд дидору мулоқот ва муҳокимарониҳо ба вуқӯъ пайвастанд.
Фрагмент раскопок поселения Саразм - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2020
"Тоҷикфилм" дар бораи Саразм филми мустанад меофарад
Бар пояи ёддошти тафоҳуми ба имзорасида Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ӯзбекистон ҳамкориҳояшонро беш аз пеш тавсеа хоҳанд дод.
Дар асоси Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ӯзбекистон дар доираи Синамоҷашнвораи 13-уми байналмилалии Тошканд дар Ӯзбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Дар доираи баргузории Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон филмҳои дар солҳои гуногун истеҳсолнамудаи “Тоҷикфилм”, аз ҷумла филмҳои ҳунарии “Рустам ва Суҳроб”, “Қисмати шоир”-и коргардон Борис Кимягаров, “Муаллим”-и коргардон Носир Саидов, “Сафари ҳавоӣ”-и коргардон Далер Раҳматов, “Рақси зиндагӣ”-и Муҳаббат Сатторӣ, “Хаёлпарастони музофотӣ”-и Румӣ Шоазимов, “Автобус”-и Абдулҳай Зокиров ва филмҳои мустанади “Ваҳдати миллӣ”-и коргардон Абдулҳай Зокиров ва “Шинохти Саразм”-и коргардон Рустам Сатторзода ба намоиш гузошта мешаванд.
Показ таджикских фильмов в Третьяковской галерее - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Дар ҳар бино як кинотеатр? – пешниҳоди “Тоҷикфилм” ба ҳукумат
Баргузории Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд ва вилоятҳои Андиҷону Фарғона низ дар назар дошта шудааст.
Дар робита ба ифтитоҳи Кинофестивали 13-уми байналмилалии Тошканд “Дурдонаҳои роҳи абрешим” барои доираи васеи рӯзноманигорну хабаргузорон нишасти матбуотӣ доир гардид.
Лентаи хабарҳо
0