https://sputnik.tj/20210930/prezident-faronsa-sarkozi-zindon-1042584346.html
Президенти собиқи Фаронса Саркозӣ ба як соли зиндон маҳкум шуд
Президенти собиқи Фаронса Саркозӣ ба як соли зиндон маҳкум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти собиқи Фаронса Саркозӣ ба як соли зиндон маҳкум шуд
2021-09-30T16:46+0500
2021-09-30T16:46+0500
2021-09-30T16:46+0500
дар ҷаҳон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
президент
ҳукм
фаронса
қарори додгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/01/1032916085_0:0:2833:1594_1920x0_80_0_0_8d991946ec1f1d5ee7bba9a6bc82d83d.jpg
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Додгоҳи Париж президенти пешини Фаронса Николя Саркозиро барои боло бурдани харҷи маблағгузории маъракаи интихоботии соли 2012 ба як соли зиндон маҳкум кард, хабар медиҳад РИА Новости. Тавре ки аз ҳукм бармеояд, Саркозӣ дар бораи ҳадди хароҷоте, ки қонун муқаррар кардааст, медонист ва ӯро аз эҳтимолияти зиёдатӣ огоҳ карда буданд. Бо вуҷуди ин, ӯ гирдиҳамоиҳои интихоботиро идома дод.Президенти пешин зимни эълони ҳукм ҳозир нашуд ва айби эълоншударо қабул накард. Вакили дифои ӯ Тиерри Эрзог гуфт, ки аз боло қарори додгоҳ шикоят хоҳад бурд.Дар маҷмӯъ, дар парванда бо шумули афроди таблиғгари замони интихобот 14 нафар ҷалб карда шуданд. Додситонӣ далел овард, ки ситоди маъракаи пешазинтихоботии Саркозӣ барои пӯшонидани хароҷот аз ҳисобҳои қалбакӣ барои вохӯриҳои созмонёфтаи агентӣ истифода кардааст. Додситонӣ барои сарвари пешини кишвар шаш моҳ ҳабс ва шаш моҳи дигар ҳукми шартӣ, инчунин ҷарима ба маблағи 3750 евро таъйин кард.Ин аввалин ҳукме нест, ки додгоҳ ба собиқ президенти Фаронса содир кардааст. Дар авоили моҳи март вай дар фасод, сӯиистифода аз мақом хизмати гунаҳкор дониста шуда. Саркозӣ аз ин ҳукм шикоят бурдааст, бинобарин мурофиаи нав дар пеш аст.
фаронса
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/01/1032916085_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_16ec6bb25ecc0fe415c6aa8137e98b47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент фаронса саркозӣ зиндон
президент фаронса саркозӣ зиндон
Президенти собиқи Фаронса Саркозӣ ба як соли зиндон маҳкум шуд
Президенти собиқи Фаронса Саркозӣ ба як соли зиндон маҳкум шуд
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Додгоҳи Париж президенти пешини Фаронса Николя Саркозиро барои боло бурдани харҷи маблағгузории маъракаи интихоботии соли 2012 ба як соли зиндон маҳкум кард, хабар медиҳад РИА Новости.
Тавре ки аз ҳукм бармеояд, Саркозӣ дар бораи ҳадди хароҷоте, ки қонун муқаррар кардааст, медонист ва ӯро аз эҳтимолияти зиёдатӣ огоҳ карда буданд. Бо вуҷуди ин, ӯ гирдиҳамоиҳои интихоботиро идома дод.
Президенти пешин зимни эълони ҳукм ҳозир нашуд ва айби эълоншударо қабул накард. Вакили дифои ӯ Тиерри Эрзог гуфт, ки аз боло қарори додгоҳ шикоят хоҳад бурд.
Дар маҷмӯъ, дар парванда бо шумули афроди таблиғгари замони интихобот 14 нафар ҷалб карда шуданд.
Додситонӣ далел овард, ки ситоди маъракаи пешазинтихоботии Саркозӣ барои пӯшонидани хароҷот аз ҳисобҳои қалбакӣ барои вохӯриҳои созмонёфтаи агентӣ истифода кардааст.
Додситонӣ барои сарвари пешини кишвар шаш моҳ ҳабс ва шаш моҳи дигар ҳукми шартӣ, инчунин ҷарима ба маблағи 3750 евро таъйин кард.
Ин аввалин ҳукме нест, ки додгоҳ ба собиқ президенти Фаронса содир кардааст. Дар авоили моҳи март вай дар фасод, сӯиистифода аз мақом хизмати гунаҳкор дониста шуда. Саркозӣ аз ин ҳукм шикоят бурдааст, бинобарин мурофиаи нав дар пеш аст.