https://sputnik.tj/20210930/nizomiyon-rusiya-jangjuyon-tojikiston-nobud-1042574419.html
Низомиёни Русия ҷангҷӯёни шартиро дар кӯҳҳои Тоҷикистон нобуд карданд
Низомиёни Русия ҷангҷӯёни шартиро дар кӯҳҳои Тоҷикистон нобуд карданд
Sputnik Тоҷикистон
Низомиёни нерӯҳои бузургтарини хушкигарди Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон машқҳо анҷом доданд
2021-09-30T11:24+0500
2021-09-30T11:24+0500
2021-09-30T11:24+0500
пойгоҳи 201
артиш
тамрин
низомиён
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103065/00/1030650096_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_e3653ab82f64ea5111bb64a081f8ff70.jpg
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Низомиёни Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон барои нобуд карадни ҷангҷӯёни шартӣ машқҳо анҷом доданд, хабар медиҳад, дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Русия. Низомиёни нерӯҳои бузургтарини хушкигарди Русия, ки дар хориҷ мустақаранд, дар минтақаи кӯҳистонӣ машқи тактикӣ анҷом доданд. Онҳо ҷангҷӯёни шартиро дар канори шаҳр нобуд карданд.Баъд аз ин нирӯҳо нақшаҳои "ҷангҷӯён" -ро барбод доданд ва зарбаи ногаҳонӣ аз канор заданд. Ҳайати зиреҳпӯшҳои замонавии БТР-82 дастаи роҳзанонро бо оташ бомуваффақият нест карданд.Гуфта мешавад, ба тирандозони савора инчунин воҳидҳои снайперӣ, ки бо яроқи снайперии 12.7 мм-и "Корд-М" мусаллаҳанд, кумак расонидаанд. Ёдовар мешавем, низомиёни пойгоҳи низомии 201 мунтазам дар машқҳои сатҳҳои гуногун, аз ҷумла машқҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд. Моҳи октябр чорабиниҳои нави низомӣ ба нақша гирифта шудаанд. Низомиёни пойгоҳи низомии 201 дар се машқи муштарак бо ҳайати низомии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки дар Тоҷикистон доир мешавад, ширкат хоҳанд кард.Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли ҷорӣ тамриноти бузхург бо ширкати нерӯҳои Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон доир шуд.
https://sputnik.tj/20210824/rusiya-tojikiston-sistemahoi-mushakii-kornet-taqviyat-1041855689.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103065/00/1030650096_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_ca4cfc774ea610916c42df0cc7a094e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
низомиён русия тоҷикистон тамрин
низомиён русия тоҷикистон тамрин
Низомиёни Русия ҷангҷӯёни шартиро дар кӯҳҳои Тоҷикистон нобуд карданд
Низомиёни нерӯҳои бузургтарини хушкигарди Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон машқҳо анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Низомиёни Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон барои нобуд карадни ҷангҷӯёни шартӣ машқҳо анҷом доданд, хабар медиҳад, дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Русия.
Низомиёни нерӯҳои бузургтарини хушкигарди Русия, ки дар хориҷ мустақаранд, дар минтақаи кӯҳистонӣ машқи тактикӣ анҷом доданд. Онҳо ҷангҷӯёни шартиро дар канори шаҳр нобуд карданд.
"Тибқи барномаи размоиш, бахши иктишофӣ дастаи созмони ғайриқонунии мусаллаҳро мушоҳида кард, ки бо роҳи кӯҳӣ ба сӯи нуқтаи аҳолинишин ҳаракат мекунад", - омадааст дар иттилоия.
Баъд аз ин нирӯҳо нақшаҳои "ҷангҷӯён" -ро барбод доданд ва зарбаи ногаҳонӣ аз канор заданд. Ҳайати зиреҳпӯшҳои замонавии БТР-82 дастаи роҳзанонро бо оташ бомуваффақият нест карданд.
Гуфта мешавад, ба тирандозони савора инчунин воҳидҳои снайперӣ, ки бо яроқи снайперии 12.7 мм-и "Корд-М" мусаллаҳанд, кумак расонидаанд.
Ёдовар мешавем, низомиёни пойгоҳи низомии 201 мунтазам дар машқҳои сатҳҳои гуногун, аз ҷумла машқҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд.
Моҳи октябр чорабиниҳои нави низомӣ ба нақша гирифта шудаанд. Низомиёни пойгоҳи низомии 201 дар се машқи муштарак бо ҳайати низомии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки дар Тоҷикистон доир мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли ҷорӣ тамриноти бузхург бо ширкати нерӯҳои Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон доир шуд.